Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боки

БОКИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боки

imagesБОКИЕВ Мирзоамон, Мирзо Боки (таваллуд 19.12.1944, дехаи Эсизи нохияи Кухистони Мастчох), шоир ва нависандаи точик. Хатмкардаи УДТ (холо ДМТ; 1971). Пас аз хатми тахсил дар студияи Телевизиони Точикистон (1971- 72), редаксияи рузномахои «Маориф ва маданият» (1972— 80), «Адабиёт ва санъат» (1981-82), «Омузгор» (1983-98) ва мачаллаи «Маорифи Точикистон» (1998-2001) кор кардааст. Аз соли 2002 сармухаррири нашриёти «Бухоро». Ба калами Бокиев китобхои «Хамосаи модар ва кудак» (1984), «Нуктаи нур» (1986), «Фуруги хирад» (иборат аз 5 чилд, 2000- 2005), «Човидоннома» (чилди 1, 2006; чилди 2, 2013) тааллук до­ранд. Андарзхои нависандаи рус Л. Н. Толстойро бо номи «Андарзнома» тарчума карда ба табъ расондааст (1989). Асархои «Фуруги хирад» ва «Човидоннома» на танхо хачман бузурганд, балки аз чихати мазмуну мундарича ва мавзуъхо мукаммалу мураттабанд. Ин асархо як тарзи навчуию навгуихои ба худ хоссе доранд, ки хонандаро ба андеша водор меку­нанд, масъулияти уро нисбат ба чахони гузарони одами ва човидона будани хиради чахон фузун менамоянд, то ин ки дар торикшаби печидаи дунё гумрох нагардад. Мухтавиёти ин китобхо худшиносии инсон дар моварои замин ва кайхони беинтихост. Бокиев инсонро як вучуди худогох, асил, офаранда, дорои иродаи мустакил, «худ»-и мустакил, чавхари навъи шариф, кудрати хорикулода тавсиф намудааст. Нигоштахои Бокиев фалсафаи ахлоки, дарси зиндаги, ойини бехзисти, расидан ба дарачаи инсони комилро доранд, масъ­улияти инсонро нисбат ба такдири миллат, ватандори афзун мекунанд. Бокиев чунин мешуморад, ки хеч чиз арзандатар аз озодию огохи нест, хеч чиз шоистатару волотар аз хирад нест. Узви ИЖТ (аз соли 1984).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.