Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВ Худойназар Гоибович

БОКИЕВ Худойназар Гоибович

imagesБОКИЕВ Худойназар Гоибович (8.3.1951, дехаи Хонакохи Кухии нохияи Хисор-29.5.2012, нохияи Рудаки), варзишгари точик, гуштингир, Устоди варзиши Точикистон (1975), Устоди варзиши ИЧШС (1976), Мураббии хидматнишондодаи варзиши Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (1988), Аълочии ма­орифи Точикистон (1999), Корманди шоистаи варзиши Точикистон (2002). Хатмкардаи Техникуми тарбияи чисмонии шахри Душанбе (1970). Солхои 1970-75 муаллими тарбияи чисмонии Омузишгохи касбхои техникии № 49-и нохияи Ленин (хозира Рудаки), 1975-80 мураббии Чамъияти ихтиёрии варзишии «Хосилот», 1980-85 сармураббии Мактаби варзи­шии кудакону наврасони № 1 (хозира Мактаби махсуси варзиши оид ба дзюдо)-и нохияи Рудаки буд. Аз соли 2010 директори хамин мактаб. Бокиев дар мусобикахои варзи­шии сершумори Точикистон ва ИЧШС иштирок намуда, борхо голиб ва сазовори медалу чоизахо гаштааст. Чем­пиони 49-каратаи Точикистон оид ба гуштини дзюдо ва самбо. Бокиев дар тарбияи гуштингирони чавони точик сахми калон дорад. Гуштингирони номии чумхури Расул, Рус­там ва Алишер Бокиев шогирдон ва фарзандони уянд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шурои Олии Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон (1979), Ифтахорномаи Президенти Чумхурии Точикистон (1996), медали «Хидмати шоиста» сарфароз гар­дидааст.  

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.