Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЕВ Алишер Худойназарович

БОКИЕВ Алишер Худойназарович

imagesБОКИЕВ Алишер Худойназарович (таваллуд 21.12.1974, шахраки Сомониён нохияи Рудаки), варзишгари точик, гуштингир, Устоди шоистаи варзиши Точикистон оид ба гуштини дзюдо (2001) ва кураш (2003), Устоди варзиши дарачаи байналмилали аз намуди олимпии дзюдо, кураш, самбо, «гуштингири». Мураббии шоистаи варзиши Чумхурии Точикистон (2006). Нозукихои гуштини миллии ку­раш ва дзюдоро аз падараш – Мураббии хидматнишондодаи варзиши ЧШС Точикистон Бокиев X. Г. омухтааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи чисмонии Точикистон (1996). Аз соли 1996 мураббии Мактаби махсуси варзиши оид ба дзюдои нохияи Рудаки. Чемпиони чандинкаратаи Точикистон аз руйи намудхои гуштини дзюдо, самбо ва кураш. Чоизадори бозихои Осиё дар шахри Хиросимаи Чопон (1994; чойи 5-ум). Соли 2001 дар Чемпионати Осиё дар шахри Улан-Батор (ЧХМ) сазовори чойи дуввум ва медали нукра гардид. Чемпиони Осиё дар бах­ши гуштини миллии кураш (2001, шахри Тошканд).

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.