Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИЁИ НОЙИНИ Боки

БОКИЁИ НОЙИНИ Боки

imagesБОКИЁИ НОЙИНИ Боки (1595, Нойин – 1633, Банорас), шоир ва мусикидони форсизабони Хиндустон. Дар ашъораш ба такозои вазн «Боки» ва ё «Бокиё» тахаллус мекард. Пас аз касби камол ба Исфахон рафта, илму дониш, махсусан улуми адабиро омухт. Дар Ирок аз сухбати шоирону донишмандони давраш – Хаким Шифои ва дар Хуросон аз вохури бо Малик Мирзои Фасехи бахравар гардидааст. Аз махорати Бокиёи Нойини дар шеъру мусики Абдулбокии Нахованди дар тазкираи «Маосири Рахими» ва муаллифи тазкираи «Майхона» Абдуннаби Фахруззамонии Казвини иттилоъ додаанд. Абдуннаби ин шахсро бори аввал соли ба Хиндустон расиданаш ва сипас борхо, то охири умраш дидааст ва бо вай хамсухбат шудааст. Бокиёи Нойини соли 1614 бо рохи Кандахор ба Хиндустон рафт; аввал ба хидмати вазири Чахонгир (хукмрони 1606 – 28) Мирзо Гиёсбеки Эътимодуддавла расид, сипас ба Дакан омад ва ба мулозимати шохзода Хуррам – Шохичахон (1628 – 57) ворид гардид. Пас аз ду сол тарки хидмати дарбор намуд ва ба тичорат машгул шуд. Дар солхои охири умр боз ба хидмати Шохичахон пайваст. Аз у ичозаи сафари хач гирифта ба Эрон омад. Пас аз муддате боз ба Хинд омад ва дар Банорас фавтид.

Аз Бокиё девони ашъор шомили касоид, газалиёт ва дигар анвои шеър боки мондааст, ки нусхае аз он дар Институти шаркшиносии Узбекистон тахти шумораи 10226/3 махфуз аст. Дастнависи маснавии ирфонии Бокиё – «Зоту сифот» дар Музейи миллии Покистон (NM 1963 – 226/14) нигохдори мешавад. Дар илми мусики низ рисолае доштааст Мувофики маълумоти мухаккикони ин соха, Бокиё мусикии эрониро бо мусикии юнони омезиш дода, ба ра­вияи Амир Хусрави Дехлави охангхое дар мусикии хинди эчод намудааст.

Абёти зерии намунае аз нигоштахои Бокиё мебошанд:

Аз он Худои ба инсон ду гуш дода аён,

Аз он намуда забонро нихон ба кому дахан,

Ки ин мабод тагофул кашад ба гохи самоъ.

Ки он мабод тачохул кунад гахи гуфтан.

Даме, ки мешунави, чумла гуш бояд буд,

Валек дар гахи гуфтан мабош зудсухан.

Зи осиё натвон буд кам, ки аз рахи гуш

Хар он чи бишнавад аз хар касе ба вачхи хасан

Даруни хотири худ то бад-он нагардад боз,

Берун наёрад аз чо яке зи рохи дахан.

Ш. Мухаммадиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.