Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИБИЛЛОХ Абулмуайид Разиюддин Мухаммад

БОКИБИЛЛОХ Абулмуайид Разиюддин Мухаммад

imagesБОКИБИЛЛОХ Абулмуайид Разиюддин Му­хаммад (1564, Кобул – 1603, Дехли), мутахаллис ба «Беранг», яке аз муассисон ва мураввичони тарикати накшбандия дар Хинд. Азбаски муддати дурудароз дар Хинд ва чанде дар Мовароуннахр муким буд, дар маъхазхо бо номхои гуногун (Мухаммадбокии Накшбандии Дехлави, Бокибиллохи Дехлави, Абдулбоки ва Бокии Мовароуннахри) ёд шудааст. Бокибиллох муддате назди шоир ва олими самарканди Мавлоно Содики Халвои илохиётро омухт, ба тасаввуф ру оварда, бо пешниходи устодаш барои тахсил ба Мовароуннахр омад. Дар Самарканд бо пирони тарика­ти накшбандия шиносои пайдо карда, ба халкаи муридони хоча Амканги пайваст. Сипас ба Хинду Кашмир сафар карда, дар он чо бо шайх Бобо Вали шинос шуда, марохили сулуки накшбандияро назди у огоз  намуд. Баъди фавти Бобо Вали (1592) ба Мовароуннахр бозгашт, вале пас аз муддате дубора ба Хинд рафт ва дар шахри Дехли монд.

Бокибиллох дар мутобикгардонии тарикат бо шариат мекушид ва холатхое чун халса, вачд, сукр, самоъ бо андешахои ирфонии у созгор набуданд. Аз ишоратхои фаровонн Бокибиллох дар мактубхояш ба Ибни Араби ва зиндагиномааш равшан мегардад, ки у аввал таълимоти ин орифи бузургро пазируфтааст, вале дар охири умр назарияи вахдати вучуди эшонро мавриди интикод карор додааст.

Бокибиллох дар Дехли бо Ахмади Сархинди вохурд ва охири мазубу муриди у гашта, дар хонакохаш икомат мекард, то аз эшон ичозаи иршод гирифт ва дар зумраи паиравони тарикати накшбандия даромад. Осори у ба сурати малфузоту мактубот ва ашъору расоил боки мондааст. Хамчунин у маснавихои «Ганчи факр», «Кабл аз замони дарвеши», «Сокинома», «Силсилаи пирони тарикат», «Силсилату-л-ахрор», «Рисола дар шархи «Силсилату-л-ахрор» дорад.

Адабиёт: Стори Ч. А. Персидская литература: Библиографический обзор. Москва, 1972; Тримингэм Дж. С. Суфийские ордены в исла­ме/Пер. с англиси А. А. Ставиской, под редакциеи и с предисл. О. Ф. Акимушкина. Москва,1989.

С. Махмадуллох

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.