Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОКИ ибни Мухаммад ибни Юсуф

БОКИ ибни Мухаммад ибни Юсуф

imagesБОКИ ибни Мухаммад ибни Юсуф, кандакор, хаттот ва шоири точик (охири асри 15 – аввали асри 16). Аз дехаи Оббурдани Кухистони Мастчох. Панч катибаи у аз дехаи Оббурдан ва сетояш аз дехаи Ревомутки Кухис­тони Мастчох ёфт шудаанд. Катибахо оид ба ахволу зиндагии у маълумот медиханд. Боки барои катибахои санги мазор низ худ шеър менавишт. Абёти зер намунаи эчоди уст:

Дар хар чамане лолаву варде хезад,

Дар хар фасле зи шох барде хезад.

Лекин ду хазор сол бояд бишумурд.

То дар сафи мардон чу ту марде хезад.

Дар катибаи дигари Боки, ки дар санги фасони руйи кабри Бика Султон ном зан аз кабристони Таги Мазори дехаи Ревомутк пайдо шуд, чунин абёт кандакори шудаанд:

Кош он руз, ки дар пои ту шуд хори ачал,

Дасти гети бизади теги халокам бар сар,

То дар ин мулки чахон бе ту надиди чашмам,

Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

Боки дар нигориши анвои хат сабку услуби хос доштааст. У катибахояшро бештар бо хутути таълик, шикаста ва девони кандакори намуда, барои катибахояш, одатан сангхои нисбатан доирашаклро интихоб мекард. Сабк, тарзи навишти Боки дар натичаи машки дурудароз ва омухтани услуби хаттотон ва кандакорони пешин такомул ёфт. Дар катибахои у хусусан таъсири нигоришоти хаттот ва кан­дакори асри 15 Алоуддин мушохида мегардад.

Адабиёт.: Мухторов А. Санг хам диле дорад.. Душанбе, 1986; Хамон. Эпиграфические памятники Кухистана (XI-XIX). Кн. 1. Душанбе, 1978. А Нуров

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.