Маълумоти охирин

БОЙСУН

boysunБОЙСУН, нохия (аз 29 сентябри соли 1926) ва шахр (аз 1975, маркази нохияи Бойсун) дар вилояти Сурхондарё. Масофаи Бойсун аз шахри Душанбе ба самти гарби 200 км, баландиаш аз сатхи бахр 1240 метр буда, дар самти гарбии охири кухи Хисор чойгир шудааст. Аз самти шимоли шарк бо нохияи Сари Осиё, аз Ш. бо нохияи Кумкургон, аз чануб бо нохияи Кизирик ва Бандихон, аз чануби гарб бо нохияи Шеробод, аз шимоли гарб бо нохияи Камаши ва Дехконободи вилояти Кашкадарё хамсархад аст. Худудаш Бойсун – 3,72 хазор км2. Ахолиааш беш аз 80 хазор нафар (2000) асосан точикхо. Аз 7 чамоати дехоти мардуми (Авлод, Бойсун, Дарбанд, Маччойи, Работ, Сайроб, Кургонча) таркиб ёфтааст.

Иклими Боойсун хушки субтропикист. Мохи январи харорати хаво дар баландии 850 м +2, дар баландии 3200 м – 6; мохи июл дар баландии 830 м +30 аст. Боришот, ба хисоби миёна, дар баландии 500-1200 м то 150-400 мм, дар баландии бештар аз 1200 м то 450-800 мм. Даври нашв 230-240 руз аст. Дар Бойсун бодхои фён ва шамоли афгони мевазанд. Аз куххои Бойсун дарёву сойхои зиёде монанди Шерободдарё, Маччойидарё, Шуроб, Хочабулгансой, Панчоб, Лайлаконсой, дехахои Хочаи Пок, Кургончасой, Халкачар, Охангаронсой ва гайра чори мешаванд.

Дар асари Истахри «Масолик ва-л-мамолик» (асри 10) номи кадимии Бойсун «Босанд» (дар худуди давлати Чагониён) омадааст. «Худуду-л-олам» (асри 10) Босандро шахраке медонад бо «…мардуми бисёр, дар рохи Бухорову Самарканд. Чойи устувору мардумони чанги». Номи Босанд то истилои мугул дар гард буд ва баъдан дар талаффузи туркони бадави гунаи Бойсунро гирифтааст. То даврони Аморати Бухоро маркази бекигари буда, дар он точикони мукими ва кабилахои кучии узбектабор зиндаги мекардаанд. Дар осори таърихнигорони руси асрхои 18-20 Н. А. Маев, А. Шишов, Б. X. Карамишев ва дигар рочеъ ба сокинони мукимии Бойсун иттилооти мухим ироа гардидааст. Сарчашмахои таърихи, осори бостоншиноси ва фарханги зиндаи мардум бар он далолат мекунанд, ки аз замонхои кадим дар ин минтака точикон сокин буда, баъдан кабилахои гуногуни турктабор омадаву маскун шудаанд.

Бойсун яке аз шахрхои бостони мебошад. Г ори Тешиктоши он ба осори давраи палеолити поён мансуб буда, таърихи такр. беш аз панчхазорсола дорад. Аз Бойсун нишонахои осо­ри бостонии зиёде пайдо шудаанд. Дар арафаи асри 1-и милоди дар чойи Бойсун шахре ба номи Калъаи Пойи Калон мавчуд будааст.

Дар натичаи хафриёти бостоншиноси дар Бойсун шахрхову калъахои кадимии зиёде, монанди Пойкургон, Козимуллотеппа, Сарибандтеппа, Ялангтуштеппа, Дарбанд, Минчоктеппа, Буйрачи, Кизилчартеппа, Муллотеппа, Калъакургон пайдо шудаанд, ки Бойсун Тешиктош аз чумлаи онхост. Аз ин магок кариб 3 хазор маснуоти санги ва часади писарбачаи 8-9-сола пайдо шудааст. Дар худуди шимоли гарбии Бойсун кухи Бойсунтог мавчуд аст, ки давоми кухи Хисор буда, дар доманаву атрофи он куххои хурд чойгиранд. Аз он куххо уконит, карамзит, карбид, охаксанг, гази табии, ангишт, боксит, фосфор ва маводи ди­гар истихроч мекунанд.

Дар Бойсун рустанихои себарга, майса, ширалаф, гумой, янток, нахутак, так-так, печак, шуралаф, руян, лола, юнучка, савсан, бойчечак, гули хайри ва гиёххои шифобахши кокути, ипор, занчабил, говзабон, барги зуф, ревоч, коку, хокистарак, риши буз, рова, исфанох, алкор, зирк, буймодарон ва гайра, хамчунин, дарахтони арча, чанор, дулона ва гайра меруянд. Аз хайвонхо бузи кухи, хуки ёбои (гуроз), сугур, рубох, гург, хорпушт, аз парандахо кабк, укоб, чил, алошакшака, мусича, майна, гунчишк ва гайра умр ба сар мебаранд

Корхонахои саноатии Бойсун: Чамъияти сахомии «Ишонч», кони ангишти «Бойсун» ва дигар корхонахои хурд. Соли 1994 аввалин корхонаи карбид ба кор даромад. Муассисахои хидматрасонии «Тадбиркор» ва «Хунарманд» мушкили ахолиро осон мегардонанд. Дар Бойсун 164 корхонаи хурд, 18 чамъияти сахоми, автокалоннахои «Бойсун», «Бойсункурилиш» ва бисёр корхонахои сайёр амал меку­нанд. Бахши кишоварзи, чорводори ва чангалдори ривоч доранд. Кишти галла, богдори, занбурпарвари таракки кардааст.

Пешахои гуногуни мардумии мисгари, кулоли, заргари, сандуксози, охангари, дуредгари, гулзани, кашидадузи, алочабофи, карбосбофи, нонвои, канноди, халвопази, чармгари ва гайра дар хидмати хамагонанд. Корхонаи шохибофи фаъолият дорад. Амонхона яке аз ачибтарин мавзеъхои Бойсун буда, аз кадим боз зиёратгох ва чои табобатии мардум махсуб мешавад. Бехуда нест, ки ЮНЕСКО Бойсунро сарзамини ганчинаи фарханги маънавии инсоният эълом дошт. Дар дехахои Авлод, Сари Осиё, Кушкак, Посурхи, Бибиширин, Сайроб, Панчоб, Дарбанд, Дуоба, Санггардак, Дехи Боло, Кургонча, Хавз, Назари ва гайра асо­сан точикон ба сар мебаранд ва фарзандонашон дар мактабхои точики тахсил мекунанд. Онхо забони модари, расму ойин, анъана ва дигар суннатхои худро кави нигох доштаанд. Аз замонхои кадим то хол дар байни точикони Бойсун нишонахои фарханги бостони ориёи ба хуби мушохида мешаванд. Аз чумла, то имруз дар байни точикони Бойсун анъанаи афсонагуи, киссапардози, шохномахони, аксиягуйи, байтбарак, суруду таронахони дар ривочанд. Лахчахои точикии Бойсун аз хамдигар тафовут дошта, вижагихояшонро донишмандони соха X. Хамрокулов ва У. Курбонов тахкик кардаанд. Манзарахои рузгори точикони Бойсун дар осори С. Айни, Ч. Икроми, С. Турсун, И. Насриддин, А. Махмадшох, Р. Махсумзод ва дигар адибони точик инъикос ёфтааст. Бойсун дар пешрафти илму фарханги умумиточики хиссаи намоён гузошта, таърихшиноси номи академик Мулло Эркаев, донишманди сохаи кишоварзи ва собикадори умури хизбию давлати А. Б. Каракулов ва бисёр докторону профессорони дигарро ба воя расондааст.

Адабиёт: Гафуров Б. Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим, асрхои миёна ва давраи нав. Душанбе, 1998; Шишов А. Таджики. Алматы, 2006; Хамрокулов X. Шевахои точикони райони Бойсун. Душанбе, 1961; Маев Н. А. Очерки горных бекств Бухарского ханства//МСТК, вып. У, 1879; Карамышев Б. X. Очерки этнической истории южных райо­нов Таджикистана. Москва, 1976; Кисляков Н. А. Сайробские таджики//Советская этнография. 1965, № 2; Худуд-ул-олам/Тахиягари матн Н. Косимов. Душанбе, 1983; Узбек миллий энсиклопедияси. Т. 2. Тошканд, 2001; Рахмони Р. «Достони Барзу» дар гуфтори Чура Камол. Душанбе, 2007; Rahmoni R. Traces of Ancient Iranian Culture in Boysun District, Usbekistan. // Asian Folklore Studies, Japan, Nagoya, Vol. 60, 2001. рр.295-304; Rahmoni R. Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition. (With video-records). Moscow, 2002;

Р. Рахмони

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …