Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНКУР

БОЙСУНКУР

boysunkurБОЙСУНКУР, Бойсункур, Бойсункар (16.9.1397, Хирот – 20.12.1433, хамон чо), аз асилзодагони сулолаи Темуриён. Писари Шохрух, набераи Темур, бародари Улугбек, Хокими виллоятхои Мозандарон, Астаробод ва Чурчон (1414), баъд вазири падараш – Шохрух (1416-20) буд. Хокими Эрону Озарбойчон (1420) ва Астаробод (1431). Хангоми сафархои Шохрух вазифаи муовинии уро адо мекард. Бойсункур шахси маърифатнок, мухлиси ашъори форси- точики буд. Замони вазириаш дар Хирот китобхона таш­кил карда, хаттотону наккошон, мусаввирону саххофон ва зархалгаронро чалб намуд. Солхои 1425-26 котибони китобхона кариб 40 нусха «Шохнома»-и Фирдавсиро мукоиса карда, нусхаи интикодии онро тартиб ва бо минётурахои мактаби тасвирии Хирот, ки бо рохбарии Бойсункур таъ­сис ёфта буд, оро доданд. Худи Бойсункур ба он мукаддима навиштааст. Соли 1423 бо супориши Бойсункур Хофизи Абру ба навиштани асари маъруфаш «Зубдату-т-таворих» шуруъ кард. Бойсункур дар Машхад дар макбараи Гавхаршодбегим дафн шудааст.

Адабиёт: Бартольд В. В. Улугбек и его время. Соч., Т. 2. Кн. 2. Москва, 1964; Энсиклопедияи советии точик. Чилди 1, Душанбе, 1978; Узбек миллий энциклопедияси. 4- 2. Тошканд, 2001.

А. Мухторов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.