Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙСУНГУР МИРЗО

БОЙСУНГУР МИРЗО

imagesБОЙСУНГУР МИРЗО   фарзанди Махмуд ибни Ахмад ибни Абусаиди Гургони (номаълум), хокими нохияи Бадахшон (хукмрони 1474-1495). Шахси бофазлу дониш буда, шеър мегуфт ва дар шеър «Одили» тахаллус мекард. Дар «Мачолису-н-нафоис»-и Алишери Навои омадааст, ки Султоналии Машхади покизагии хатти настаълики вайро ситудааст. Аз осори у китъае дар мураккаи Бахром Мирзо дар китобхонаи Хазинаи авкофи Истанбул махфуз аст, ки бо хатти хуш навишта шудааст. Ин Бойсунгурро бо Бойсунгур Мирзо – фарзанди Шохрух ибни Темур, ки дар соли 1434 вафот кардааст ва ба чуз настаълих хамаи анвои хатро хуш менавиштааст, набояд иштибох кард.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.