Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМУРОДОВ Эшниёз

БОЙМУРОДОВ Эшниёз

imagesБОЙМУРОДОВ Эшниёз (4.4.1945, дехаи Дарбанд, ви­лояти Сурхондарё, Чумхурии Узбекистон – 30.7.2005, Душанбе), физики точик, доктори илмхои техники (1999). Баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шев­ченко (1967) фаъолияти илмиашро дар вазифаи ассистенти кафедраи физика огоз  намуда, сипас, дар аспирантураи хамин институт тахсилро давом додааст. Аз соли 1978 ассистент-намоишгар, муаллими калон (1987), дотсент (1994), мудири кафедраи физикаи ДТТ Точикистон ба номи М. С. Осими (2000). Тахкикоти илмии Боймуродов, асосан, дар сохаи физикаи полимерхо буда, механизмхои турушшавии полимерхои гуногунро дар шароитхои таъсири якчои шиддати механики, нурхои ултрабунафш ва харорат омухтааст. Натичаи корхои илмии Боймуродов дар як катор корхонахои чумхури ва Федератсияи Руссия татбик шуда, дар мачаллахои илмии ватани ва хоричии дуру наздик ба чоп расидаанд. Боймуродов зиёда аз 120 маколаву дастури илми-методи таълиф намудааст. Тахти рохбарии у 2 нафар рисолаи номзади дифоъ кардаанд. Боймуродов узви Шурои диссертатсиони оид ба химояи рисолахои сохаи физика ва математика ва узви Академияи илмхои Ню-Йорк (1993) буд.

Осор: Механика. Душанбе, 2005.

М. Холов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.