Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Пирмат

БОЙМАТОВ Пирмат

imagesБОЙМАТОВ Пирмат (1910, дехаи Дардари нохияи Айни – 1984, хамон чо), сароянда, Хофизи халкии ЧШС Точикистон (1963), Муаллими хидматнишондодаи мак­таби ЧШС Точикистон (1960). Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омузишгохи педагогии шахри Панчакент (1941) ва Институти муаллимии Самарканд (1954). Бойматов баробари таълими фанхои гуногун солхои зиёд ба махфили хаваскорони санъати мактаб рохбари намудааст. Аз соли 1965 (баъди ба нафака бармадан) рохбари дастаи хаваскорони санъат ва аз соли 1977 мудири клуби колхози ба номи Свердлови нохияи Айни буд. Бойматов таронахои халки ва сурудхои классикиро бо махорати баланд ичро менамуд. Ба услуби халки як силсила охангхои маргуб эчод кардааст. «Ёр муборак» (шеъри халк), «Бар чонам занад» (шеъри халк), «Теги нигох» (газали Туграл), «Омад ба ёд» (газали Сайидо), «Бахори Ватан» (шеъри С. Вализода) ва гайра аз бехтарин таронахои Бойматов мебошанд. Бо медалхои «Барои мехнати шучоатнок дар Чанги Бузурги Ватании солхои 1941-45», «Барои мехнати шучоатнок. Ба муносибати 100-солагии рузи таваллуди Владимир Илич Ленин» сарфароз гарди­дааст.

М. Муллоахмадов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.