Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙМАТОВ Аличон Азизович

БОЙМАТОВ Аличон Азизович

imagesБОЙМАТОВ Аличон Азизович (таваллуд 12.6.1945, Ленинобод), иктисоддон, профессор (1991), доктори иилмхои иктисод (1998). Хатмкардаи УДТ (1966). Солхои 1966-84 корманди илми, мудири шуъба ва директори Филиали точикистонии Институти умумииттифокии тадкикоти илми оид ба омузиши талабот ва вазъи савдо дар шахри Душанбе, 1984- 2001 ходими илми ва мудири шуъбаи Пажухишгохи иктисодиёти АИ Чумхурии Точикистон, 1993 х. к. илмии маркази илми бахши Хучандии АИ Точикистон, 2001-11 муовини директори Институти менечмент ва технологияи компютерии Донишгохи давлатии Хучанд ба номи Б. Гафуров буд. Аз соли 2012 директори Маркази илми-тахсилотии Донишгохи созмони хамкорихои Шанхай дар назди Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон дар шахри Хучанд. Хамзамон солхои 1993-2001 профессори Донишгохи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон дар шахри Хучанд, бахши Хучандии Донишгохи давла­тии тичорати Точикистон, рохбари гурухи мураттабони «Бар­номаи дигаргунсозии иктисодии вилояти Сугд барои солхои 1996-2000», муовини ра­иси Шурои мутобикгардони ва рушди сохибкори дар наз­ди раиси вилояти Сугд, 2000-05 директори Маркази минтакавии маркетингии вилояти Сугд, 1999-2004 тренер-профессор Маркази тайёр кардани кадрхои мунитсипали буд. Оид ба сохаи омузиши бозор, истеъмолот ва дарачаи зиндагонии ахоли, сохибкори ва маркетинг, муносибатхои иктисодии байналхалки, низоми иктисоди бозори, рушди иктисоди минтака зиёда аз 150 асару макола ва кори илми, аз чумла 21 рисола ва китоби дарси таълиф кардааст. Тахти рохбарии у 7 нафар рисолахои номзади химоя намуданд.

Осор: Внутренный рынок товаров легкой промышленности Тад­жикистана. Душанбе, 1977; Народное потребление в Таджикистане. Душанбе, 1980; Региональный рынок: особенности и проблемы сбаланси­рованности. Душанбе, 1985; Асосхои сохибкори ва маркетинг Xучанд, 2002; Экономика Таджикистана на пути к рынку. Xучанд, 2002; Маркетинг – назария ва амалияи замони муосир (китоби дарси барои донишгоххои касби). Xучанд, 2009; Таджикистан, Кыргызстан: Торгово-эконо­мическое сотрудничество. Xучанд, 2001 (хаммуаллиф).            Ш. Тошева.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.