Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙЛ Роберт

БОЙЛ Роберт

robert-boylБОЙЛ Роберт (25.1.1627, Лисмор, Ирландия – 30.12. 1691, Лондон), физик ва кимиёдони англис. Маълумоти ибтидоиро дар хона гирифтааст. Дар синни 12-солаги барои идомаи тахсил ба шахри Женева фиристода шуда, сипас, дар вакти саёхат ба Итолиё ва Фаронса маълумоташро мукаммал кардааст. Баъди бозгашт ба Ирландия аз соли 1654 дар Оксфорд маскун мешавад ва ба омузиши физика ва кимиё машгул мегардад. У дар таъ­сиси Чамъияти илмхо, ки со­ли 1668 ба Лондон кучонда шуд ва баъдтар бо номи «Чамъияти шохии Лондон» маъмул гардид, ширкат кар­дааст. Фаъолияти илмии Бойл ба асоснок кардани методи тачрибави дар сохахои фи­зика ва кимиё бахшида шу­дааст. Дар натичаи тахкикот Бойл соли 1660 конуни тагйирёбии хачми хаво аз тагйирёбии фишорро, ки бо номи конуни Бойл-Мариотт машхур аст, кашф кард. Мувофики он чандирияти газ ба хачми ишголкардааш мутаносиб аст. Дар сохаи магнетизм, физикаи молекулави, оптика ва электрик, физикаи назарияви ва аэростатика тахкикот анчом додааст. Бойл барометр ва асбоби махсусе сохт, ки тимсоли вакуумметр аст. Зичии моддахоро омухт, хосияти фосфор (зичи, буи, вазни хос, шуоъафкани ва гайра)-ро пешгуи кард. Бо ибораи Ф. Энгелс «Бойл кимиёро илм кард». Нигар низ Конуни Бойл- Мариотт.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.