Маълумоти охирин

БОЙКОТ

botkotБОЙКОТ (англиси Boycott – гирифта аз исми шахсе бо номи Бойкот), яке аз шаклхои муборизаи сиёси ва иктисодист, ки пурра ё кисман катъ намудани муносибат нисбат ба шахсони алохида, ташкилот ва гайраро пешбини ме­кунад. Масалан, нахаридани махсулоти корхонаи муайян, худдори аз кор кардан ва гайра. Унвони Истилохи мазкур аз номи раиси умури рохбарии коргарони англис – Чарлз Бойкот гирифта шудааст, ки соли 1880 нисбат ба у аз тарафи ичорагирони ирланди Бойкот эълон карда шуда буд. Дар муносибатхои байналмилали, мувофики Ойинномаи СММ, яке аз тадобирест, ки бидуни исти­фодаи куввахои мусаллах ба чихати нигохдории сулх истифода мешавад. Барои ин давлати бойкоткунанда бо дигар давлат (ё давлатхо) хама гуна муносибатро катъ мекунад. Дар амалияи муносибатхои сиёси ва байналхалки Бойкот метавонад Бойкоти интихобот ё Бойкоти бозихои олимпи ва гайра бошад. Ин Бойкот дар даст кашидан аз овоздихи аз чониби гурухи интихобкунандагон ифода меёбад. Ода­тан он намоишкорона ва оммави сурат мегирад. Сабабхои Бойкот нобовари нисбат ба низоми инггихоботи, эътироз ба истифодаи куввахои пурзури маъмури хангоми интихо­бот, сохтакории саросари ва гайра мебошанд. Ангезаи иштирок накардан дар интихобот он аст, ки ба интихоботи сунъи макоми расми дода нашавад. Бойкоти интихобот ё раъипурси дар сурате натича дода метавонад, ки агар шумораи хадди аксари интихобкунандагон дар овоздихи ширкат накунанд, дар акси хол бойкот хамчун амали сиёсии бидуни натичаи хукуки боки мемонад.

Ш. Рахимзода.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.