Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЙДУХОН

БОЙДУХОН

imagesБОЙДУХОН (фавт 4.10.1295), шашумин хони Элхонони Эрон аз сулолаи Хулогуихо. Писари Тарагай ва набераи Хулогу. Баъд аз кушта шудани Гайхотухон (24 марти 1295) бо ёрии Тагочор ба тахти подшохи нишаст. Аммо шохзода Гозон ба хотири интикоми хуни амакаш Гайхо­тухон бо ёрии амири Навруз аз Хуросон бар зидди Бойдухон бархост. Чанг бо сулх анчомида, Бойдухон илова бар Хуросон, мулкхои Форс ва Ирокро ба Гозонхон бахшид. Бойдухон дар давраи хукмронии худ кушиш намуд, ки «Ёсо»-и Чингизхонро аз нав эхё кунад. Мувофики маълумоти маъхазхои масехи ва мусулмони Бойдухон ба масехиён таваччух до­шта, бо мусулмонон чандон муносибати нек надошт. Бойдухон хатто вазири бузург ва сохибдевони мамлакат Садри Чахон (Хоча Садриддин Ахмади Занчони)-ро аз вазифа сабукдуш намуд. Дар лашкаркашии навбатии Гозонхон чонибдорони Садри Чахон бо Тагочор бар зидди Бойдухон баромаданд ва Бойдухон танхо монда фирор кард. Баъдан Бойдухон дар наздикии Нахчувон дастгир шуда, аз чониби Гозонхон (4 октябри 1295) ба катл расонда шуд.

К. Расулиён

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.