Маълумоти охирин

БОХТУР

БОХТУР (Ophisaurus apodus), бахтур, калтакалоси бепойи мормонанд. Дарозиаш то 1,5 метр; рангаш сиёхи сурхтоб, холхои зарди сабзгун ё сурхча дорад. Дар Аврупои Чанубу Шарки, Осиёи Чанубу Гарби, Крим, Кафкоз ва Осиёи Мар­кази, аз чумла Точикис­тон пахн шудааст. Онро кариб дар хамаи нохияхои кишварамон метавон дучор омад. Бохтур дар хамвории доманакуххо, мавзеъхои сералафу буттазор, сохили дарё, ангурзор, пахтазор, богу сахро вомехурад. Дар об хуб шино карда метавонад. Бохтурхо бахорон баъди хоби зимистони бештар дар офтобруяхо карор гирифта тани худро гарм мекунанд. Дар лонаи хояндахо, байни гиёху бутта ва ре­шаи дарахтон панах мебарад. Бохтур тобистон субхдам ва шомгох фаъол мешавад. Моххои июн-июл 8-10 тухм мегузорад. Охири август бохтурчахо аз тухм мебароянд. Дарозии бохтурчахо кариб 10 сантиметр буда, ранги зарди хокистари ва 16-22 рахи баркад доранд. Гизои Бохтур асосан муш, тукумшуллук, мор ва хашароти зараррасони кишоварзи аст. Бахорон, баъди борон, лесакхоро хурда, ба кишоварзи манфиат меорад. Бохтур дар шароити сунъи нагз зиндаги карда, ба одам ром мешавад.

Адабиёт: Чернов С. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 18. Пресмыкающиеся, Душанбе, 1959; Жизнь животных. Т. 5. Земноводные и пресмыкающиеся. Москва 1985: Ананьева И. Б. (ва дигарон). Атлас пресмыкающихся Северной Евразии. Москва 2004.

Т. Начмиддинов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.