Маълумоти охирин

БОХТАРИ Восиф

imagesБОХТАРИ Восиф (таваллуд 1942, шахри Мазори Шариф), шоир ва адиби даризабони Афгонистон. Факултаи адабиёти Донишгохи Кобулро хатм кардааст (1967). Дар Донишгохи Колумбияи ИМА дар сохаи таълиму тарбия такмили дониш намудааст. Корманди Вазорати маорифи Афгонистон (1967—81), сармухаррири мачаллаи «Жвандун» («Зиндаги»; 1981-96). Баъдан муддате дар Пешовари Покистон зиндаги карда, аз он чо ба ИМА кучид. Мачмуаи нахустини ашъораш «…Ва офтоб намирад» (1983). Баъдан мачмуахои дигараш «Аз меъод то харгиз», «Аз ин оинаи бишкастаи таъ­рих», «Дебоча дар фарчом», «Дар истивои фасли шикастан», «Муяхои Исфандёри гумшуда», «Дарвозахои бастаи таквим» ва гайра ба табъ расиданд.

Дар огози рохи эчоди дар колаби шеъри суннати эчод мекард. Баъдан сабки вижаи худро дар сурудани шеъри «нав»-и нимои (Нимо Юшич) пеш гирифт. Ашъораш чанбаи зехнию фалсафи доранд. Бохтари оид ба эчодиёти баъзе намояндагони адабиёти классикии форс-точик Фирдавси, Фахруддини Гургони (достони «Вису Ромин»), Чалолуддини Балхи (Руми) ва дигарон маколахо ва рисолахои илми нигоштааст. Дар матбуоти Точикистон (масалан, мачаллаи «Садои Шарк», 1990, № 1) баъзе шеърхояш чоп шудаанд.

Адабиёт: Хочамуродов О., Бохтари. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик. Чмлди 1.Душанбе, 1988.

О. Хочамуродов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …