Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОХИРИ Нозирчон

БОХИРИ Нозирчон

imagesБОХИРИ Нозирчон (Бохиров Нозирчон, 12.08.1940, дехаи Пулодони нохияи Конибодом), шоир ва рузноманигори точик. Корманди шоистаи Точикистон (1991), Аълочии мао­рифи халки Точикистон (1985). Хатмкардаи факултети филологияи точики Университети давлатии Точикистон (1964). Ходими адабии газетаи «Комсомоли Точикистон» (хозира «Чавонони Точикистон», 1964-66), газетаи «Пионери Точикистон» (хозира «Анбоз», 1967-74), ходими адаби, мудири шуъба ва котиби масъули мачаллаи «Машъал» (хозира «Истикбол», 1974-96), раиси Бунёди журналистони Точикистон ва чонишини авва­ли раиси Иттифоки журналистони Точикистон (1994-2004) буд. Солхои 1981-82, 1986-88 дар Афго­нистон ба хайси тарчумон кор кардааст. Аз соли 2004 бознишаста, машгули кори эчодист. Мачмуахои ашъораш «Андеша» (1975), «Талош» (1990), «Кулла» (2003), «Оташи обдор» (2010), «Теги сабз» (2013) ва маколахои публитсистиаш «Дониш талабу бузурги омуз» (1988) ва гайра ба табъ расидаанд. Дар мачмуахои ашъораш манзумахои «Осиёбон», «Таркиш», силсилаи ашъори «Аз дафтари Афгонистон» чой доранд, ки дар байни хонандагон бештар маъруфият пайдо кардаанд. Мавзуъхои ашъораш тараннуми ишку мухаббат, сидку вафо, тавсифи инсон, зебоихои табиат, ватан ва даъват ба ватандусти мебошад. Бохири аксари ашъорашро дар колаби газал эчод намудааст. Охангсозони точик чанде аз шеърхои Бохириро ба оханг дароварда, суруд эчод намудаанд. Бохири шеърхои баъзе шоирони русу украин, узбеку киргизро тарчума карда, дар матбуот ва ё дар шакли китоб ба табъ расонидааст. Дорандаи Мукофоти Иттифоки журналистони Точикистон ба номи Абулкосим Лохути (1979), узви Иттифоки журналистони Точикистон (1975), Иттифоки нависандагони Точикистон (1990). Бо Грамотаи Президиуми Шурои Олии Чумхурии Шуравии Сотсиалисии Точикистон (1976) ва ордену медалхо сарфароз гардидааст.

Адабиёт: Энсиклопедияи Конибодом. X., 2006; Максудов Б. Сатрхои пурхарорат // Садои Шарк. 2010. № 10.

С. Худойдодоеа.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …