Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / БОФИЛЛ Рикардо

БОФИЛЛ Рикардо

imagesБОФИЛЛ (Bofill) Рикардо (таваллуд 5.12.1939), меъ­мори испанияги. Яке аз асосгузорони «Устохонаи меъмори»-и Барселона («Taller de Arguitectura»), ки солхои 1960-63 ташкил шуда, яке аз марказхои меъмории пост­модернизм гардид. Иморатхои сохтаи Бофилл-вохидхои маскунии Ксанаду дар Калп ва мехмонхонаи «Эл Кастелло» дар Ситхес (1969-75), заводи семент дар Барселона, 1970- 78), «Силсилатоки кулхо» дар Сен-Кантен-ан-Ивелин, (1972-75), «Абраксас» дар Марн-ла-Валле (1978-83), «Зинапояхои барки» (1979-85; хамаашон дар Порис ё атрофи он) хамчун хайкали азими бетони ё услуби романтикии ачиб ба назар мерасанд. Асархои баъдии у аз чихати шакл чидди буда, дар рухи хай-тека сохта шудаанд (аэро­порти нав, 1988-92, вокзали бахри дар Барселона, 1999- 2001; Касри конгресс дар Мадрид, (1990-92). Бофилл эчодиёти худро аз чихати назарияви асоснок карда, китобхои «Рох ба суи шахр дар фазо» (1968), «Меъмории инсон» (1989), «Фазо барои хаёт»-ро (соли 1990 ба руси тарчума шуд) ба табъ расонд.

Адабиёт: Шукурова А. Н. Архитектура Запада и мир искусства 20 века. Москва,  1990; Новая российская энциклопедия. Т. III (1). Москва,  2007.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …