Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЧИ ДАВЛАТИ

БОЧИ ДАВЛАТИ

gosudarstvennaya-poshlinaБОЧИ ДАВЛАТИ, пардохти хатми барои анчом додани амалиёти дорои ахаммияти хукуки ё додани хуччатхо аз чониби макомоти ваколатдори давлати. Супорандагони Бочи давлати шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки барои анчом додани амалиёти дорои ахаммияти хукуки ва до­дани хуччатхо ба макомоти ваколатдор, ки Бочи давлатиро меситонад, мурочиат мекунанд. Дар Точикистон Бочи давлатиро макомоте меситонад, ки мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати», дигар конунхо ва санадхои меъёрии хукукии Точикистон барои ситонданн Бочи давлати ва­ колатдор шудаанд. Объектхои ситондани Бочи давлатиро моддаи 3 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи дав­лати» пешбини намудааст. Бочи давлати ситонида мешавад: аз аризахои даъвои, аризахо (шикоятхо, шикоятхои кассатсиони ва назорати), ки ба судхои Точикистон пешниход мешаванд; барои анчом додани амалиётхои дорои ахаммияти хукуки дар макомоти адлия, макомоти ваколатдо­ри давлати оид ба дин ва андоз; барои анчом додани ама­лиёти нотариали мувофики конунгузории Точикистон; барои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди мутобики конунгузории Точикистон; барои барраси ва додани хуччатхое, ки бо гирифтани шахрвандии Точикистон ва ё баромадан аз шахрвандии Точикистон алокаманданд; барои анчом додани дигар амалиёти дорои ахаммияти хукуки. Андозаи ситондани Бочи давлатиро моддаи 4 Конуни зикршуда пешбини намудааст, ки бо дарсад аз нархи даъво ва нишондиханда барои хисобхо мукаррар карда шудааст. Бочи давлати бо асъори милли дар бонкхо (филиалхои онхо), хамчунии тавассути интиколи маблагхои Бочи давлати аз хисоби бочсупоранда ба воситаи бонкхо (филиалхои онхо) пардохта мешавад. Кабули Бочи давлати аз чониби бонкхо (филиалхои онхо) дар хамаи холатхо бо додани шакли мукарраргардидаи квитансия (хатти расид) амали мегардад. Б. очи давлати комилан ба бучети давлати ворид мешавад.

Пардохти Бочи давлати аз руйи парвандахое, ки аз тарафи суд­хои Точикистон барраси мегарданд, то пешниход наму­дани аризаи дахлдор (шикоятхои кассатсиони ё назо­рати), хам чунин хангоми аз тарафи судяхо додани нусхахои хуччатхо; барои анчом додани амалиётхои дорои ахаммияти хукуки дар Вазорати адлияи Точикистон ва макомоти он, инчунин макомоти ваколатдори давлати оид ба дин ва андоз, хангоми бакайдгирии давлати; ба­рои ичрои амалиётхои нотариали, барои додани нусхахои хуччатхо – хангоми супоридани онхо; барои сабти давлатии санадхои холати шахрванди оид ба ворид наму­дани ислоху тагйирот дар он, хангоми додали аризахои дахлдор; барои додани шаходатномаи такрори ва гувохнома хангоми додани онхо; барои сабти давлатии бекоркунии акди никох аз руйи ризояти дутарафаи хамсарон, ки фарзандони ноболиги умуми надоранд – хангоми саб­ти санад; барои кайди шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар каламрави Точикистон мувофики ичозатномаи зист истикомат доранд – то супоридани хуччатхои дахлдор; барои додани шаходатномаи хукук ба шикор ва шаходатнома дар бораи бакайдгирии сохибкори инфироди то супоридани хуччатхои дахлдор; аз руйи парвандахое, ки бо сохиб шудан ба шахрвандии Точикистон ё баромадан аз шахрвандии Точикистон, ин­чунин хорич шудан аз Точикистон ва воридшави ба Точикистон вобаста аст – то гирифтани хуччатхои дахлдор; аз руйи амалиёте, ки дар биржахо, бо когазхои киматнок – хангоми харидани амволи корхонахои давлати доир ме­гарданд – хангоми ичро; барои музояда ва баргузории экспертизаи сарватхои фарханги–то баргузории он.

Бочи давлатии пардохташуда дар холатхои зерин кисман ё пурра баргардонда мешавад: ба андозаи зиёд ворид наму­дани Бочи ддавлати назар ба андозае, ки Конун мукаррар намуда­аст; баргардондан ё рад намудани кабули аризахо, шико­ятхо ва ё мурочиати дигар аз чониби судхо, хамчунин рад намудани ичрои амалиёти нотариали аз чониби макомо­ти ваколатдор; дар холати рад кардани ичрои амалиёти дорои ахаммияти хукуки ё гирифтани хуччат аз чониби шахси Бочи давлатиро пардохта – то мурочиат ба макомоте, ки амалиёти дорои ахаммияти хукукии мазкурро ичро менамояд; рад кардани додани шиносномаи хоричи (умумишахрванди).

Бочи давлатии ба бучети давлати пардохташуда дар асоси карори макомоти молия, мувофики аризаи хаттии бочсупоранда ва хулосаи макомоти барои ситонидани боч ваколатдор, дар муддати дах рузи кабули карор дар бораи баргардондани он аз чониби макомоти дахлдори молияви баргардонда мешавад.

Супорандагони Бочи давлати ва макомоти ваколатдоре, ки Бочи давлатиро меситонад, барои нодуруст хисоб кардан ва ба бучет гузарондани маблагхои Бочи давлати мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд (моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати»).

Адабиёт: Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати». Душанбе, 2004.

Д. Абдумоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.