Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДПОШО

БОЯЗИДПОШО

boyazidposhoБОЯЗИДПОШО, масчид дар Омосия (Туркия, асри 15). Масчид соли 1414/15 ба дастури Боязидпошо, вазири халабии Султон Мухаммади аввал (1402-21) бино шудааст. Меъморони он Яъкуб ибни Абдуллох ва Тугон ибни Абдуллох будаанд. Боязидпошо аз зеботарин намунахои масочиди дорои «тобхона» (чое барои панох ва таъом додани факирон дар зимистон) ё дорои «зовия» аст, ки дар меъмории аввали ахди усмони бисёр роич буд. Сохту тазйини ин масчид накшаву таррохии бадеъ ва зебо дорад. Ду утоки гунбазпуши канори ба шумули бочхона аст ва монанди хонахои он аср бухории девории бо токчахои гачбуришудаи фурурафта дорад. Масчид бо сангбурии бисёр босалика ва хамчунин бо масолехи рангоранг сохта шудааст. Шабистони он равоке дорад бо 5 токи тез аз мармари сафед ва санги сурх, ки бар 5 пояи сангину гафс устувор аст. Илова бар он, дар фосилаи токхо гулу буттахои барчастаро накш кардаанд. Дигар аз вижагии ин масчид, ки дар хеч як аз масочид дида намешавад, доштани ду хавзи фавворадор дар чапу рости суффаи шабистон аст. Аз ду сахнаи аслии масчид, аввали бо гунбазе ба кутри 8,70 метр пушида шуда ва дорои 40 чарог аст, ки зохиран сахне сарпушида буда, баъдтар ба кисмати асли афзуда шудааст. Шаш утоки тоб­хона ба ин сахнаи сарбаста боз мешавад, ки чахорто аз онхо дорои гунбаз буда, дуи дигар хурдтар аст; хар як аз ин тобхонахо бухории девори ва токчахои махсус доранд. Чойгахи аслии намоз, ки андаке баландтар аст, бо гунбаз пасттару бориктаре пушида шудааст. Мехробе, ки бар зовияи самти гунбаз карор гирифтааст, санги ва пур аз накшхои барчаста мебошад.

Масчиди Боязидпошо аз осори нахустини давраи меъмории турк дар рузгори Усмониён аст, ки услуби сохтмонии Осиёи Марказии куханро бо завки хунари чадиди рузгори худ созиш додааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.