Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОЯЗИДИ II

БОЯЗИДИ II

boyazid-2БОЯЗИДИ II (1447-26.5.1512), султони империяи Усмониён (1481-151), писари калони султон Мухаммади II ва хамзамони шох Исмоили I Сафави. Боязиди II аз руйи эътикоди афзун ва пуштибонии тарикати дини лакаби «Вали»-ро сохиб шудааст. Боязиди II хангоми ракобаташ барои тахту точ бо бародараш Чам ба пуштибонии сипохиёни яккачини яничархо такя намуда, соли 1482 чонибдорони уро шикаст медихад. Бародараш ночор ба Аврупо фирор намуда, бо дастгирии хукуматдорони Венетсия ва дигар кишвархои аврупои суйи Истанбул борхо тахдид ва кушиши лашкаркаши мекунад. То лахзаи марги Чам (1495) байни бародарон барои тахту точ ракобат идома дошт. Боязиди II барои боз гардондани заминхои музофоти Далматсия ва худудхои Эгей бо Венесия чанги 4-сола бурда (1499-1503), нерухои хушкигард ва бахрии онхоро шикаст медихад ва кисмати Юнони Чанубиро пурра забт мекунад. Дертар у мавкеи империяи Усмониёнро дар кисмати чануби шаркии Аврупо (Босния, Герсоговина, Мол­дова) вусъат мебахшад. У бо Мачористон ва Лахистон низ набардхои пайгирона бурда, соли 1501 мавкеи империяи Усмониёнро дар сохилхои шаркии Бахри Сиёх устувор менамояд. В. мамолики Миср ва Сурияро тахти васоят оварда, бо сулолаи Сафавиёни Эрон барои мустахкам намудани худудхои марзи муборизахои ошкору нихон мебурд. Мутобики маълумоти «Таърихи Оламорои Аббоси», Боязиди II ба шоир ва мутафаккири маъруф Чоми таваччухи хосса дошта, ба фарханги форси ва мазхаби ханафи арч мегузошт. Боязиди II айни хол таърихнигор Камол Пошозодаро ба таълифи таърихи импе­рияи Усмониён водор кардааст. Дар Истанбул ва Андрианопол чандин масчиди чомеъ бунёд кардааст, ки яке аз онхо масчиди чомеи Боязид мебошад. Бар асари нооромихои поини умр, ки байни писаронаш сар зада буд, у мохи апрели 1512 тахту точро ба писараш Салими I (1512-1520) вогузор намуда, баъди ду мох мефавтад.

Адабиёт: Льюис Рафаэл. Османская Турция. Москва. 2004.

Б. Абдурахмонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.