Маълумоти охирин
Главная / Илм / Асари «Наврузнома»

Асари «Наврузнома»

«Наврузнома» асарест дар кашфи хакикати Навруз, рузи чашн гирифтани он, инчунин дар бо­раи оини хукуматдории шохони Эрон ва масоили мухталифи таърихи, этнографи, тибби ва гайра. Ба Умари Хайём нисбат дода мешавад. Аз мукаддима — «Oгози китоби «Наврузнома» ва 14 боб иборат аст. Дар «Огоз» ва инчунин боби «Омадани мубади мубадон ва наврузи овардани у» муаллиф аз давраи Каюмарс то Яздигурди III чашн гирифта шу- дани Навруз, таъини рузи чашни он аз руи таквими кадими, шарху тафсири номи моххои таквими Эрони Кадим — Фарвардин, Урдибихишт, Хурдод, Tир, Мурдод, Шахривар, Meхр, Обон, Озар, Дай, Бахман, Исфандормаз бахс мекунад. Дар ин кисмат инчунин доир ба таквим, таъини соли кабиса дар замони шохони кадими Эрон, халифахои араб ва хукмрони замони Хайём — Маликшохи салчуки матолиби зиёде омадааст. Хикояту устурахои кисмати зикршуда дар бораи Каюмарс, Хушанг, Тахмурас, Чамшед ва дигарон ба кисмати асотирии «Шохнома» наздики доранд. Дар боби «Андар оини подшохони Ачам» аз хислатхо ва тарзи хукуматдории шохони Эрони бостон сухан меравад. Бобхои дигари «Наврузнома» инхоянд: «Андар ёд кар­дани зар ва он чи вочиб бувад дар бораи у», «Андар аломати дафинахо», «Ёд кардани ангуштари», « Ёд кардани хавид (майсаи чав) ва он чи вочиб ояд дар бораи у», «Ёд кар­дани тиру камон», «Ёд кардани ка­лам ва хосияти у», «Ёд кардани асп ва хунари у ва он чи вочиб ояд ан­дар бораи у», «Номхои аспон ба забони порси», «Андар зикри боз ва хунари у ва он чи вочиб ояд дар бо­раи у», «Хикоят андар манфиати шароб», «Гуфтор андар хосияти руи неуу». Дар дохили хар як боб вобаста ба ин мавзуот хикоятхо оварда шудаанд. «Наврузнома» дорои ахамияти зиёди таърихию этнографист. Бобхои «Хикоят андар манфиати шароб» ва «Гуфтор андар хосияти руи неку» аз он гувохи медиханд, ки муаллифи «Наврузнома» аз илми тиб бохабар буда, баъзе фикру акидахои у дар ин бора дар рузхои мо низ ахамияти худро гум накардаанд. Дар боби охирин инчунин масъалахои эстетики, фалсафи ва гайра ба миён гузошта шуда­анд. «Наврузнома» хамчун асари насри бадеи низ аз ахамият холи яест. Тавассути он хикояту ривоятхои зиёде то замони мо расидаанд. Нашр.: Умари Хайём, Наврузнома, г., «Маориф ва маданият», марти 1980. Ахмадов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …