Маълумоти охирин

Асари Наср

Наср (ар. — каломи гайриманзум, сухани пошида), яке аз ду навъи асари адабист, ки бе вазну кофия навишта мешавад. Дар гузашта Насри бадеи аз навъхои Насри илми фарки кулли надошт. Хусусияти асосии шакли зохирии Наср мутобикати он ба конуну коидахои забони гуфтугуист. Наср ва назм шаклан аз якдигар фарк мекунанд, вале бо хам наздики низ доранд. Ба сухани манзум наздик кардани Наср аз тамоюли асосии Насри классикии форс-точик мебошад. Наср дар адабиёти классикии форс-точик анъанаи кадима дошта бошад хам, вале ба маънои комили истилохи адаби танхо дар солхои 20 асри хозира инкишоф ёфт.

Аввалин намунахои Насри бадеии забони фор­сии дари асосан силсилаи достонхои кахрамонии «Шоднома» будасд. Си­нас романхои кахрамонии халки ба миён омаданд «Абумуслимнома», «Искандарнома», «Самаки айёр» ва гайра.  Баробари ин, асархои кахрамонии дини низ вучуд доштанд: «Кисас-ул- анбиё», «Чангномахои Али», «Хафдах газо» ва гайра. Дар Насри гузашта як равияи махсуси киссахои рамзию тамсили инкишоф ёфтааст. «Кали­ла ва Димна», «Синбоднома», «Тутинома» ва гайра ба ин равия мансубанд.

Дар ин китобхо асосан рамзу тамсил бартари дошта, хикояхо мусалсал ва чун хикоя андаруни хикоя баён мешаванд. Хикоят аз шаклхои маъмули Насри адабиёти классикии форс-точик аст. Як силсила асархои насрии адабиёти классикии форс- точик дар шакли ёддошт ва сафар- номахо навишта шудаанд. «Сафарнома»-и Носири Хисрав (асри 11), «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Восифи (асри 15), «Наводир-ул-вакоеъ»-и Адмади Дониш (асри 19) ва гайра аз хамин кабил асархоанд. Як силсила китобхои нас­ри оид ба назарияи адабиёт таълиф шудаанд: «Тардумон-ул-балога»-и Мухаммади Родуёни (асри11), «Хадоик-ус-сехр фи дакоик-иш-шеър»-и Рашидуддини Ватвот (асри 12), «Ал- муъчам фи маоири ашъор-ил- Авам»-и Шамсуддин ибни Мухамма­ди Кайси Рози (асри 13), «Меъёри Чамолйи-и Шамси Фахрии Исфахони (асри 14), «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ил-ашъор»-и Хусайни Воизи Кошифи (асри 15) намунахои ин навъи Наср ба шумор мераванд, ки мохияти илми доранд. Насри классикии форс- точик се навъ дорад: Насри мусаччаъ — суханест, ки кофия дораду вазн не. Дар он хамохангии охири чумлахо хусусияти асосии услуб ва оханги сухан аст. Дар сачъ чумлахо мусалсал буда, охири чумлахои содда ба мисли анчоми мисраъхои шеър хамохангии ба кофия монанде до­ранд.

2) Насри мураччаз — суханест, ки вазн дораду кофия не.

3) Насри ори, ирсол ё рисолат — суханест на кофия дорад ва на вазн. Чунин таснифоти Наср ба се навъ соф назариявист, зеро асаре нест, ки саросар мусаччаъ бошад ё мураччаз ва ё ори. Ин се навъи сухан дар якчояги ба кор бурда мешаванд. Дар ада- биёти точик, махсусан Насри тоинкилобии он, мавкеи сачъ хеле калон аст. Дар замони совети мавкеи Наср  дар адабиёт ва хаёти маънавии халк хело афзуд. Навъхон асосии Наср ро­ман, повест, хикоя ва очерк дар асоси анъанахои Насри классикии мил­ли ва адабиёти пешкадами олам, махсусан Насри реалистии рус ка­мол ёфтанд. Доираи Наср аз чихати мавзуъ ва мазмун вусъат ёфт. Дар Насри советии точик асархои таърихи, ичтимои ба вучуд омаданд. Мазмуни онхо доираи васеи хаёти таърихии халкро аз даврахои пеш аз инкилоб, муборизахо барои баркарор кардани Хокимияти Совети ва сохтмони социалистиро дарбар гирифтанд.

Дар Наср таваччуд ба тасвири рухияи ках- рамон (роману повестхои Икроми «Тори анкабут», «Ман гунахгорам» ва «Духтари оташ»), намоиши мухассан ва лирикии хислатхо (романи «Палатаи кунчаки»-и Фазлиддин Мухаммадиев), инъикоси ходисахои бузурги таърихи ва хакикати вокеи (романи Сотим Улугзода «Восеъ» ва «Шуроб»-и Рахим Чалил) хеле вусъ­ат ёфт. Наср шакли асосии офаридани асархои эпики ва драма буда, асархои сирф лирики бо ин навъи адаби, ба истиснои баъзе хикояхои хурд, навишта нашудааст.

Тагйироти мухиме, ки дар Насри муосири точик нисбат ба Насри адабии гузашта ба вучуд омад, чори шудани тарзи нави маърифати ба­деи, инъикоси реалистии хаёт мебо- шад. Аввалин шуда дар ин рох устод Айни икдом ниход. Асархои барчастаи вай «Дохунда», «Гуломон», «Ёддоштдо» ва гайра намунахои барчастаи Насри реалистии точик мебошанд.

Адабиёт: Мусулмонкулов Р., Сачъ на сайри таърихии он дар насри точик, Душанбе 1970; Салимов Ю., Насри ривоятии форсу точик, Душанбе, 1971; Словарь ли­тературоведческих терминов. Москва, 1974.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …