«Намунаи адабиёти точик» аввалин асари калони адабиётшиносии Садриддин Айни, ки байни 15 март — 12 октябр 1925 навишта шуда, соли 1926 дар Москва дар Нашриёти марказии халкхои ИТТИХОДИ ШУЪРАВИ ба табъ расидааст. Он бо мукаддимаи Абулкосим Лохути бо номи «Садриддин Айни» ва «Сарсухан»-и мураттиб — Садриддин Айни шуруъ шуда, аа 3 кисм иборат аст. Кисми 1 солхои 912/913 — 1785/86-ро дар бар мегирад ва дар он аз Рудаки то Сайидои Насафи 80 адиб бо тартиби хронологи дохил шудаанд. Кисми 2 солхои 1785/86 — 1924/25-ро дар бар гирифта, дар он намунаи осори 132 адиб фарохам омадааст. Муаллиф намунахои адабиеро, ки то вакти таълифи «Намунаи адабиёти точик» ба равияи анъанахои адабиёти гузашта эчод шудаанд, дар хамин кисм чой додааст. Тартиби ин кисм мувофики алифбои арабист. Дар кисми 3 асархое, ки мавзуи нав дошта, пас аз Револютсияи 1905 ва Револютсияи Октябр ба майдон омадаанд, дохил шудаанд. Садриддин Айнй дар ин кисм аз эчодиёти 11 адиб намунахо оварда, дар бораи як катор газетаву журналхо низ маълумот медихад. Ин кисм боз ба ду хисса: якум — солхои 1905—1917 ва дуюм — солхои 1917—25 чудо мешавад. Вобаста ба сабабнои объективи ва худуди чугрофи дар «Намунаи адабиёти точик» танхо адибоне, ки дар Мовароунвахр ва Туркистон умр ба cap бурдаанд ё ки ба ин чойхо муносибате доштаанд, дохил гардидаанд.
Ба вучуд омадани ин асар ба он дигаргунихои азиме, ки дар солхои 20 дар хаёти сиёси , ичтимои ва мадании халки точик руй додаанд, инчунин ба он муборизахои шадиде, ки дар ин давра дар тамоми сохахо давом мекарданд, сахт алокаманд аст. «Намунаи адабиёти точик» дар масъалахои таргиби сиёсати миллии Партияи коммунисти, исботи аз кадим дар худуди Осиёи Миёна ва Мовароуннахр мавчуд будани халки точик, омузиши мероси адаби, ташвики чавонон ба адабиёти нави точик роли бузург бозид.
Дар шароите, ки бокимондахои чараёнхои реаксиони пантур- кизмро «идеали ягона ва бузург»-и худ карор дода, бо максади дар Осиёи Миёна ташкил кардани «давлати ягонаи бузурги турк», ба вучуд овардани «миллати ягонаи озоди турк» ва чори кардани «забони ягонаи турки» бар зидди сиёсати миллии Партияи коммунисти игво мекарданд, дар вазъияте, ки пантуркистон бар хилофи хакикати таъри- хи,— «дар Осиёи Миёна точик ном як халк нест, инхо хамон узбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва Мадраса забони худро гум кардаанд»,— гуён ба мукобили ташкили республикаи Точикистон мебаромаданд, Садриддин Айни бо навиштани «Намунаи адабиёти точик» ба хама мункирони халки точик ва забону маданияти вай зарбаи халокатоваре расонд ва ба «дахони онхо мухри хомуши зад».
Дар асоси фактхои таърихи ва адаби Садриддин Айни ба таврв илми собит кард, ки точикон яке аа кадимтарин халкхои Осиёи Миёна буда, таърих ва маданияти бостони, забону адабиёти бой, урфу одати ба худ хос доранд; дар тули асрхо бо халкхои хамсоя алока дошта ва ба халкхои дигар низ таъсири муайяне расондаанд ва дар давраи совети кобилияти ташкилотию сиёсии ин халк боз хам бештар зохир гаштааст. «Намунаи адабиёти точик» бо мундаричаи бой, халли масъалахои мухимтарини замон, дар тафаккур ва чахонбинии синфию сиёсии Садриддин Айни табаддулоти чиддист. Садриддин Айни дар адабиётшиносии точик аввалин касест, ки дар ин асар таърихи адабиётро аз мавкеи марксизм тадкик, намуда, ба амали гардонидани таълимоти ленинии омузиши мероси адаби кадами чидди гузоштааст ва аз бахри беканори адабиёти гузашта танхо «унсурхои демократи»-и онро (Владимир Илич Ленин) ба халк пешкаш кардааст.
«Намунаи адабиёти точик» зохираи ба тазкира шабохат дошта бошад хам, аз руи методологияи тадкик аз он комилан фарк мекунад. Ин асар бо рухи партиявияти коммунисти навишта шудааст ва «мундаричоташ бо усули марксизм тахлил ёфтааст» (Садриддин Айни). Тамоми мазмуну гояи ин асар ба як самти асоси — маърифатнок кардани оммаи мехнаткаш, танкидан омухтани мероси адаби, бунёд кардан ва инкишоф додани маданияти сотсиалистии точик нигаронида шудааст. Садриддин Айни бо овардани намунахои барчастаи адаби рухи прогрес- сиви, тамоюлоти халки, мазмуни аники ичтимои, афкори фалсафи, боигарии жанру намуд ва сабку услубхои адаби, нафосати калом ва салосати баён, санъату бадеияти баланди адабиёти гузаштаро нишон дода, онро яке аз сарчашмахон адабиёти инкилобии точик донист. Аз ин чост, ки Садриддин Айни хаматарафа омухтани мероси адабиро аз вазифахои таъхирнопазири ояндагон мешуморад.
Дар «Намунаи адабиёти точик» се кисми адабиётшиноси: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт ва танкиди адабиро дарёфт кардан мумкин аст. Садриддин Айни дар нимаи аввали солхои 20 як катор масъалахои мухим, аз чумла сиёсати Партияи Коммунисти оид ба адабиёт, характери интернатсионалии адабиёти совети, партиявият, синфият ва халкияти адабиёт, озодии эчоди бадеи, вааифахои адиб дар замони сотсиализм ва гайраро дуруст шарх додааст, ки барои ривочи минбаъдаи адабиётшиносии чавони точик роли калои бозидаанд. Мулочизачои муаллиф оид ба омузиши мероси адаби, роли адабиёт дар чамъият, чахонбинии нависанда, ягонагии мазмун ва шакл, анъана ва навовари, таносуби вокеият ва хакикати бадеи, матншиноси, забони асари бадеи, махорати адаби, сабку услуб, хусусиятхои жанру намудхои адаби, санъатхои бадеи ахамияти назари ва амали доранд.
Садриддин Айнй дар адабиётшиносии точик нахустин касест, ки дар ин асар проблемаи таснифи даврахои таърихи адабиётро мувофики «дастури марксизм» (Садриддин Айнй) ба миён гузошта, дар ин соха ба мухаккикони оянда рох кушод. «Намунаи адабиёти точик» инчунин беасосии акидаи баъзе шаркшиносони хоричиро, ки адабиёти асрхои 16—19 точикро такрори адабиёти асрхои 10—15 меномиданд, исбот намуд. Ин асар дар солхои 20—30 чун китоби дарсии таърихи адабиёт дар рохи Инкилоби мадани хизмати босазое кард, «Намунаи адабиёти точик» бахои баланди шаркшиносони маъруфи совети ва хоричи, аз чумла В. Э. Бертелс, Бобочон Faфуров, Н. С. Брагинский, Саид На- фисй, Иржи Бечкаро хатс^онй сазовор гаштааст.
Адабиёт.: Ходизода Р., Тадкикоти илмин Садриддин Айни оид ба таърихи адабиёти точик, журнали «Шарки сурх», 1950, MS; хамон муалл., Оид ба ахамияти таърихии «Намунаи адабиёти точик», «Чашнномаи Айни», чузъи 2., Д., 1966; Мирзозода X., Садриддин Айни — аввалин адабиётшиноси советии точик, «Ахбороти шуъбаи фанхои чамъияти»-и АФ РСС Точикистон, Сталинобод, I960, М Э (21).