Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Асари «Намунахои адабиёти точик»

Асари «Намунахои адабиёти точик»

«Намунахои адабиёти точик»  асари коллективии адабиётшиносон ва адибони точик, ки соли 1940 ба муносибати 10-солагии РСС Точикистон бо алифбои лотини нашр шуда­аст (мураттибон: X. Мирзозода, Ч Сухайли, К. Лутфуллоева, Л. Бузургзода). «Намунахои адабиёти точик» аз «Сарсухан» ва 2 кисм иборат аст. Дар «Сарсухан» (аз номи ИН Точикистон навишта шу­дааст) як катор масъалахои актуалии адабиётшиноси: омузиши танкидии мероси адаби, мубориза бар зидди равия ва майлонхои адабиётшиносии буржуази, муайян кардани хукуки халки точик ба мероси мадани, махсусан дар бобати ба вучуд омадани истилоки «адабиёти точики-форси» (баъдтар ин истилох ба шакли «форс-точик» кабул гардид), ба даврахо таксим кардани таърихи адабиёт, тахкики хаёт ва осори баъ­зе суханварони забардаст, инчунин тахкики эчодиёти даханакии халк ва гайра ба миён гузошта шуда буданд. Кисми 1 «Намудхои адабиёти точик» адабиёти точик­ро аз асри 10 то асри 20 дар бар гириф­та, дар бораи 26 адиб маълумоти мухтасар медихад.

Пас аз маълумо­ти тарчумаихоли намунахои осори шоирону нависандагон оварда шу­даанд. Пас аз асари С. Айни («Намунаи адабиёти точик») «Намунахои адабиёти точик» дуюмин асаре буд, ки чунин маълумотхои нисбатан пурраву мукаммалро дар бар мегирифт. Дар бораи бисёр классикон бори аввал дар ха- мин китоб фактхои тарчумаихоли дарч гардида, мавзуъ ва мазмуни осори онхо тахлил шудааст, аввалин бор осорашон ба табъ расид. Ба «Намунахои адабиёти точик» як зумра адибон (Фирдавси, Хилоли, Бедил ва дигарон), ки аз «Наму- наи адабиёти точик»-и С. Айни берун монда буданд, дохил гардиданд. Дар кисми 1 инчунин намунахо аз фолклори пешазреволютсиони чой дода шудаанд. Боз дар хамин кисм маколаи А.

Дехоти бо номи «Шои­рони кухистон» мавчуд аст, ки му­аллиф дар бораи чанде аз шоирони кухистон мухтасаран маълумот дода, намунахое аз эчодиёташон овардааст. Кисми 2 «Намунахои адабиёти точик» намунахои осори адибони советии точикро (С. Айни, А. Лохути, Пайрав Сулаймони, А. Дехоти, М. Турсунаода, М. Рахими, Ч. Икроми, Хаким Карим, С. Улуузода ва дигарон) дар бар мегирад. Доир ба шоирону нависандагони со­вети ба гайр аз зикри соли таваллудашон хеч гуна маълумоти тарчу­маихоли дода нашудааст. Чуаъи дигари кисми 2 «Фолклори совети» ном дорад Дар ин чузъ намунахои эчодиёти дахонакии халк шеърхо аз эчодиёти шоирони халк — Саидали Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо ва дигарон чой гирифтаанд. «Намунахои адабиёти точик» бо руйхати манбаъхое, ки дар тартиб додани китоб истифода шудаанд, хотима меёбад. Дар таълифи маколоти тарчумаихоли оид ба шоиру нависандагони классики ва шоирони кухистон ва умуман мураттаб сохтани «Намунахои адабиёти точик» хизмати адабиётшиносон, шоиру нависандагони точик М. Турсунзода, Ч. Икро­ми, Ч. Сухайли, А. Дехоти, С. Улугзода, X. Мирзозода, шаркшинос И. С. Брагинский ва дагарон хеле калон аст.

«Намунахои адабиёти точик» дар кори шиносонидани Шоиру нависандагони классики ба хонандаи точик хидмати босазое намудааст. Ин асар дар инкишофи ада­биёти советии точик ва тарбияи ади­бони «насли комсомол» сахми арзандае гузошт. Пайдо шудани «Намунахои адабиёти точик» аз инкишофу пешрафти адабиётшиносии советии точик дарак медод. Дар солхои 40 «Намунахои адабиёти точик» ба сифати китоби дарси истифода мегардид. «Намунахои адабиёти точик» хамчун сарчашмаи мухими илми ва адаби барои тадкики адабиёти точик маъхази пуркимате ба хисоб меравад.

Ад.: Очерк истории таджикской со­ветской литературы, М.. 1961.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …