Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Асари «Нагмаи Ушшок»

Асари «Нагмаи Ушшок»

«Нагмаи Ушшок»  асарест оид ба масъалахои назарияи мусикии классикии форс-точик, ки ба калами Мавлави Мухаммади Чишти мансуб буда, дар Хиндустон дар асри 18 таълиф шудааст. Аз мукаддима ва се кисм (боб) таркиб ёфтааст. Дар мукаддима оид ба дарку эхсос ва тафсири фархангии мусики хамчун илм ва санъати нафиса сухан меравад.

Кисми аввал аз тахлили назарии таркиботи мусики, шаклу навъ ва чинсхои асосии он — тарона, оханг, истилохоти мусики аз кабили «рехта», «сачъ», «кавл», «кавволи», «савт», «пешрав», «хаззол», «газал», «накш», «амал», «та­рона»’, «тхумри», «даппи тхумри», «хайёл» иборат буда, тафсири пурраи «симоъ»-ро дарбар мегирад. Му- аллиф дар кисми дуюм созхоро аз чихати мавкеъ, сохт, танзими тору парда ба чор гурух чудо менамояд. Ба гурухи аввал созхои тори — тан­бур, рубоб, конун, саранги, гижжак ва гайра дохил мешаванд.

Ба гурухи ду­юм созхои зарби: табл, даф, дойра, накора, таблак мансубанд. Гурухи сеюм созхои сафоили, косот (ё тосот)-ро, ба мисли мунчира, гдунагхар, гханта,- пакхавич ва гайра дарбар мегирад. Ба гурухи чорум созхои нафаси — най, дуёни, мизмор, сурнай, карнай, нафир, шайпур, наи анбон дохил мешаванд. Кисми сеюми «Нагмаи Ушшок» ба тахлили шаклу навъхои мусики, иртиботи шеъру мусики бахшида щудааст. Чишти рочеъ ба ракс низ ахбори тоза меорад. «Нагмаи Ушшок» яке аз мухимтарин санадхои хатти оид ба маданияти мусикии точику хинд ба шумор меравад. Асар бори аввал соли 1834 дар Дехли ва бори ду­юм 1902 дар Лакхнав ба табъ расидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …