Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Асари «Нафахот-ул-унс мин кударот-ил-кудс»

Асари «Нафахот-ул-унс мин кударот-ил-кудс»

«Нафахот-ул-унс мин  кударот-ил-кудс» — асари илмини Абдуррахмони  Чоми, ки солхои 1475—76 ба забони точики таълиф шудааст. « НАФАХОТ-УЛ-УНС МИН КУДАРОТ-ИЛ-КУДС» шархи хол ва тавсифи осори суфиёнро дар бар мегирад ва аз чихати сохту таркиб ба «Тазкират-ул- авлиё»-и Фаридуддини Аттор шабохат дорад. Чоми дар бораи 609 намояндаи силсилаву тарикатхои  гуногуни тасаввуф (аз даврахои аввали пайдоиши ин чараён то замони худ) маълумот медихад. Дар асар доир ба холоту макомоти Маъруфи Кархй, Боязйди Бистоми, Сирри Сакати, Мансури Халлоч, Абусаиди Махнаи, Алии Хамадони барин шайхони тарикат ва Низомии Ганчави, Саъдии Шерозй, Фаридуддини  Аттор, Чалолуддини Руми, Хофизи Шерози барин шоирони мутафаккир маълумоти гуногун пайдо кардан мумкин аст. Чоми дар таълифи « НАФАХОТ-УЛ-УНС МИН КУДАРОТ-ИЛ-КУДС.» «Табакот-ус-суфия»-и Абдуррахмони Сулами, «Рисолат-ул-кушайрия»-и  Абулкосими Кушайри, “Кашф-ул-махчуб”-и Хачвири, “Тазкират-ул-авлиё”-и Фариддуни Аттор барин сарчашмахо истифода бурдааст. « НАФАХОТ-УЛ-УНС МИН КУДАРОТ-ИЛ-КУДС»  барои тахкики таърихи афкори фалсафии форс-точикманбаи мухимми илмию таърихист.

Адабиёт: Ракабов М., Абдурахман Джами и таджикская философия 15 века, Душанбе 1967.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …