Маълумоти охирин

Ансамбли Лола

АНСАМБЛИ ЛОЛА Ансамбли давлатии ракси коллективи хореографи, ки соли 1947 дар шахри Душанбе таъсис ёфтааст. Рохбари бадеии он балетмейстер Гаффор Валаматзода буданд. Зиёда аз 90 нафар чавонписарону духтаронро муттахид менамояд.

Ансамбли ЛОЛА” class=”alignnone size-full wp-image-75096″ height=”402″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/04/ansabli_lola_duxtaroni_tojik_libosi_mili.jpg” width=”750″/>

<p style= Ансамбли ЛОЛА дар таргиби санъати хореографии точик аввалин хайати эчодии профессионалии республика ба шумор меравад. Дар барномаи консертии ансамблхои асосиро раксхои халкию классикии точик, инчунин раксхои халкхои сермиллати собик шуърави ва кишвархои Шарки хоричи ишгол мекунанд. Махсусан, раксхои «Шугнонидухтар», «Синахуруш», «Чорзарб», «Мор», «Кабутар», «Ракси дашнободи», сюитнхои «Сайри ЛОЛА », «Туи Помир», «Хафт пайкар» ва гайра макоми хос доранд. Аз соли 1965 то 1985 солисткахо, Артистхои Хизматнишондодаи Точикистон Ш. Рашидова, Х. Эркаева; солиситон Д. Боубоков, X. Чураев, X. Боева хунарнамои ме­кунанд.

Хунарпешаи Халкии Точикистони шуърави Малика Каландарова — лауреати Фестивали умуичахонии чавонон ва студентон (Берлин, 1974) то соли 1979 дар хайати ансамбли « ЛОЛА » буд. X. Боева — дорандаи диплом» Фес­тивали Берлин ва Конкурси умуми-итттифокии чавонон (Москва, 1974), К. Бурдонов (дойрадаст) низ сазовори дипломи Фестивали Берлин мебошанд. Ансамбли ЛОЛА бо барномахои консерти ба кишвархои собик шуърави, шахру дехоти республика сафархои хунари карда, санъати хореографии шаклан миллию мазмунан сотсиалистии точикро таргиб менамояд. Баробари ин Ансамбли « ЛОЛА » иштирокчии фестивальхои «Бахори Ки­ев» (1974), «Ситорахои Москва», 1918 хафтаву дахахои маданияти точик дар якчанд кишвархои иттифоки мебошад.

ВИДЕО ОИДИ АНСАМБЛИ ЛОЛА

Ансамбли « ЛОЛА » бо барномаи консерти ба мамлакатхои хоричи — Эрон (1974), Афгонистон (1970), Мугулистон (1974), Фаросна (1976), Хиндустон, Покистон (1976), Бел­гия (1978), Юнону Италия (1980) са­фари хунари намудааст. Дар Myгyлистон рохбари бадеии ансамбл бо «Ордени Дусти» ва хайати эчоди бо Грамотаи Фахрии Хурали Бузурги Мугулистон сарфароз гардиданд. Ансамбли мазкур — лауреати Мукофоти комсомоли ленинии РСС Точикистон (соли 1972) сарфароз шудаааст. Барои барномахои консерти, комёби ва тагиби хореографияи милли рохбари бадеии ансамбл Р. Валаматзода, рохбари мусики Далер На­заров, солисткахои бехтарин Ш. Ра­шидова, Х. Эркаева, Малика Каландарова, X. Боева соли 1975 ба гирифтани Мукофоти давлатии РСС Точикистон ба номи Рудаки мушарраф гардидаанд. Соли 1980 Ансамбли « ЛОЛА » ба унвони «Ансамбли Хизматнишондодаи РСС Точикистон» сазовор гардид.

Баъди ба даст овардани мустакилияти кишвар ва дар натичаи бухронхои сиёсиву иктисоди солхои 1991-1997 дар Ансамбли « ЛОЛА » ба сифати ракос писарбачахо дигар иштирок намекарданд. Алхол шумораи ракосаву ракосахои ансамбли мазкур иборат аз такрибан 30 духтару 20 писаранд (2017 сол), ки синашон асосан 16-22 сола мебошанд ва хайъати онхо давра ба давра иваз карда мешавад. Бар иловаи ин атрофи 20 мусиканавозон дар Ансамбли ЛОЛА фаъолияти мехнатии худро идома медиханд.  Солхои охир рохбарии хреографии ансамбл ба ухдаи хунарпешаи корнишондода Саида Файзалиева вогузор карда шудааст.  Ракиби асосаии ин дастаи хунари аз асосан Ансамби «Зебо» мебошад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …