Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ФАХРИ

Ангури ФАХРИ

ФАХРИ, пешпазак, шакармавизи, фахрии хуфаки, навъи ангури миёнсоли. Селексияи халки. Асосан дар раёнхои токдории вилояти Ленинобод (Конибодом, Хучанд, Уротеппа, Пролетар, Нов), раёнхои гурухи Гарм ва водии Хисори РСС Точикистон, вилоятхои Тошкент, Фаргонаи РСС Узбакистон, инчунин Эрон пахн шудааст. Токаш тезсабз, 25—29%-и навдахояш хосилдех.

angur

Баргаш мудаввар, 5—7 парра, хушааш 280—300 г (баъзан 500—600 г). Донааш калон, тухмшакли дароз, руя, баъди пухтан зардтоб, сершираи ширин, хуштаъму хушбуй; 20—23% канд ва 2,5—5,6 г/л турши дорад. Фахри сармобардор ва серхосил, дар заминхои серхоку санглох, нишебихо ва заминхои лалми нагз месабзад. Даври нашваш 130—135 руз, май гул карда, август мепазад. Ба хисоби миёна 110 с/га хосил медихад. Фахриро асосан барои тархури, мавиз, майкаши инчунин дар корхои селексиони истифода мобаранд. Фахри аз касалихои занбуруги кам зарар мебинад.
Адабиёт: Ампелография СССР. Малораспространёные сорта винограда, том 3, Москва. 1966.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …