Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абунаср ибни Мухаммад

Абунаср ибни Мухаммад

АБУНАСР, Бунаср, номи пуррааш Абунаср ибни Мухаммад, машхур ба Бунасри Мутриб (889, Марв – 961, Бухоро), мусикидон, навозанда ва сарояндаи форсу точик (асри 10). Абунаср илмхои замонашро дар зодгохаш омухта, ба­рои такмили пешаи навозандаги ба Бухоро меояд. Дар ин чо назди Абулаббоси Бахтиёр асосхои назариявии мусикиро меомузад. Абунаср дар ичрои достонхои кахрамони ва хамоси истеъдоди беназир дошт ва дар хунари ичрои муътакиди сабки кадимии мардумони эрони буд.

Дар пайравии «Хусравониёт»-и Борбад силсилаи на­ви сурудхои «Рохи мовароуннахри»- ро эчод кардааст Дар овозхони аз ифодахои мураккаби авчи истифода намудааст ва бад-ин сабаб уро устодаш Абулаббоси Бахтиёр «Бунасри зилхон» ном бурдааст. Мавзуи таснифоти Абунаср сурудхои чашни ва маросиму оинхои халки инчунин тараннуми далери, шучоатманди, ватандусти ва гайраро дар бар мегирад. У оид ба мусики рисолае низ доштааст, ки ба мо нарасидааст.

Адабиёт: Рачабов А., Мусики дар тамаддуни Сомониён, Душанбе, 2000; хамон муаллиф, Суннат ва навовари дар тамаддуни мусикии замони Рудаки, Душанбе, 2008.   А. Рачабов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.