Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абубакр Абдуллох ибни Усмон

Абубакр Абдуллох ибни Усмон

АБУБАКР Абдуллох ибни Усмон ибни Омир ибни Амру ибни Каъб ибни Саъд ибни Таям ибни Мурра (такрибан соли 572/73, Макка – 23 8. 634, Мадина), нахустин халифа аз хулафои рошидин, точири сарватманд ва бонуфузи Макка, дуст ва аз ахли сахобаи Паёмбар (с). Падараш Абукахофа Усмон (вафот 645) ва модараш Уммулхайр Салми бинти Сахр, бинти Амру, бинти Каъб. Баъзе номи Абубакрро дар давраи чохилият Абдулкаъба ва гурухе хам номи уро Атик гуфта- анд. Аммо бештари ривоёт “Атик”-ро лакаби Абубакр хондаанд, ки гуй Паёмбар уро ба сабаби зебоии руяш «Атик» лакаб ниходааст.

АБУБАКР Абдуллох ибни Усмон

Лакаби дигари Абубакр «Сиддик» будааст. Дар бораи зиндагони ва ахволи Абубакр пеш аз ислом иттиллои кофи ва мутмаин то ба мо нарасидааст. Аммо шак нест, ки у аз бузургон ва хирадмандони кабилаи Курайш будааст. “Тибки ахбор Абубакр аз овони чавони ба бозаргони шугл варзида, барои интишори ислом ба Паёмбар кумакхои моли низ кардааст. Гурухе бар ин акидаанд, ки Абубакр аз чавони бо Паёмбар (с) равобити дустона дошта, боре хамрохи у ба сафари Шом рафта будааст. Аммо ин ривоятро иддае аз мусташрикин рад намудаанд.

Мусалламан Абубакр яке аз на- хустин касоне аст, ки даъвати Паёмбарро пазируфтааст. Ба гуфтаи бархе аз мухаккикон, пас аз ин ки Абубакр мусалмон шуд, ислом аз хонаи Паёмбар берун омад ва ба сабаби чойгохи волое, ки Абубакр дар миёни кабилаи Курайш дошт, чанд тан аз курайшиён низ ба ислом гаравиданд. Абубакр низ ба хотири химоят ва таблиги ислом аз чониби мушрикон мавриди озору шиканча карор гирифт ва ногузир Маккаро тарк гуфт. Барчастатарин вокеаи зиндагии Абубакр хамрохи Паёмбар (с) ба Мадина хичрат кардан аст, ки шаби панчшанбеи аввали рабеъул- аввали соли аввали хичри (13 сентябр 622) аз манзили Абубакр огоз гардида буд. Дустии Абубакр бо Паёмбар (с) дар пояи хешутабори устувор гардид; вай дух- тари худ – Ойишаро ба Паёмбар (с) ба зани дод.

Ба гуфтаи баъзе таърихнигорони ислом Абубакр дар Мадина як руз дар миён бо Паёмбар (с) дидор мекард ва бино ба ривоятхо у дар хамаи газавот (газавоти Бадр, Ухуд, Хумроъ-ул- Асад, Бани-ан-Назир, Хандак, Бани Кариза, Бани Лахён, Хадибия, Хайбар, фатхи Макка, Ханин, Тоиф, Табук, Начд ва гайра) дар пахлуи Паёмбар (с) буд. Бино ба ахбори таърихнависон Абубакр дар газваи Бадр фармондех ва маъмури нигахбони хаймаи Паёмбар (с) буд. Яке аз маъмуриятхои мухими Абубакр аморати хач дар соли нухуми хичрат ва иблоги сураи «Бароат» аст. Гуё Паёмбар (с) пас аз газваи Табук Абубакрро ба унвони амирулхоч равонаи Макка кард ва чун вай аз Мади­на берун рафт, ба Паёмбар (с) сураи «Бароат» нозил шуд ва Расули Худо Али ибни Абитолибро барои иблоги он ба Макка фиристод.

Охирин маъмурияти Абубакр ва ахсоби дигар ширкат дар сипохи Усома ба касди Муътаи Шом аст. Тибки ахбор Паёмбар (с) чанд руз кабл аз вафоташ фармон дод, ки барои газо ба Рум омода шаванд. У Усомаро ба назди худ хонд ва фармоидехии сипохро ба у супурд. Аммо харакати сипох ба рагми таъкиди Паёмбар (с) ва ба сабаби ихтилофи назари сахоба сурат нагирифт. Мувофики иттилои таърихнигорон хангоми шиддати бемории Паём­бар (с) Абубакр дар масчид ба чои расу­ли Худо ба намоз истод.

Намози Абубакр дар рузхои бемории Паёмбар (с) ба­рои барчастатар кардани чойгохи Абубакр дар таърихи ислом ва чойгузинии хилофат накши муассире доштааст. Мувофики ривояте Абубакр хангоми марги Паёмбар (с) дар канори у буда, дар масчид вафоти Паёмбарро бо хондани оёте аз Куръон таъйид намуд ва сипас барои баъйати умуми бар минбар нишаст. Гурухи мухочирон бо сарварии Умар хилофати Абубакрро кабул доштанд, аммо ансориён (нигаред Ансор) бо сарварии Бани Саъд напазируфтанд.

Абубакр дар посух ба бани Саъд гуфт, ки агар байъат накунанд, дар он сурат бар нафъи Умар ё Абуубайд даст аз хилофат мекашад. Бани Саъд ва ансориён аз ин ки ракибони онон бартари хоханд гирифт, бо хилофа­ти Абубакр байъат карданд. Хамин тавр, дар таърихи 9 июни 632 Абубакр халифа – чонишини Паёмбар (с) эълон шуд. Мухимтарин маъмурият ва икдомоти Абубакр дар солхои аввали хукуматаш саркубии душманони ислом дар нимчазираи Арабистон буд. Кабилахои араб, ка­мин ки аз вафоти Паёмбар (с) огохи ёфтанд, шуриш бардоштанд ва хатари бузурге чомеаи мусалмононро тах- дид мекард, ки давлати нав таъсисёфтаи исломи дар холи фурупошист. Абубакр кабилахо ва тоифахои бисёри арабро, ки аз итоат ба ислом cap печида буданд, дар муддати кутох (ду – се мох) ба зери итоати худ даровард, хамчунин ошубхои паёмбарони дуругинро, ки дар нохияхои дурдасти Ара­бистон ба вукуъ пайвастанд, фуру нишонд.

Нахзате, ки мусалмонон ба он Ридда (бозгаштан аз дин) ном гузоштанд, бад-ин тартиб рангу буи дини бар худ гирифт ва хеч кас ба фикри бозгашт ба бутпарасти наяфтод. Вале дар амал, нахзати Ридда чанбаи сиёси дошт. Арабхо бар бештари нукоти Арабистон ба рисолати Паёмбари ис­лом гардан нихода буданд, вале дигар намехостанд, ки зери итоати Мадина бошанд ва ба халифа закот бипардозанд. Абубакр пас аз фуру нишондани ошубхои дохили оханги тасарруфи Ирок ва Шом намуд (нигаред низ Хило­фат). Пас аз рехлати Паёмбар (с) ва шаходати бисёре аз сахоба мусалмо­нон барои чамъоварии Куръони Ка­рим беш аз пеш зарурат эхсос кар­данд. Таърихнигорон ва уламои дин накши Абубакрро дар гирдоварии Куръон бисёр мухим ва арзанда донистаанд. Вай бо пешниходи Умар Зайдро ба­рои чамъоварии Куръон масъул на­муд ва у бархе аз сурахо ва оятхоро, ки дар пусти дарахти хурмо ва сангхои сафед навишта ва микдоре хифз шуда буданд, чамъ намуд. Абубакр муддати кутох хукумат кард ва бештари вакти у дар чангу талошхо гузашт.

Гурухе аз мухаккикон бар ин акидаанд, ки вай хеч барнома ё низоми мухиме бунёд наниходааст, аммо дар асл, дар замони у мухимтарин унсурхои давла­ти араб (дини давлати, байтулмол, девонхо) шакл гирифт. Агарчи, «Девони ато» дар замони Умар бунёд ёфтааст, вале бар асоси иттиллоъ метавон гуфт, ки хамин гуна девон дар ахди Абубакр вучуд низ доштааст. Вай саъи мекард нишон бидихад, ки дар хукумат ва сиёсат пайрави Куръон ва суннати Паёмбар (с) аст. Муаррихони исломи Абубакрро баъд аз Паёмбар (с) ба унвони яке аз далертарин касон барои ичтиход муаррифи карда- анд. Вай нисбат ба мушрикон берахм будааст. Тибки тафсири таърихнигорони исломи Абубакр марде баландкомат, логар, сапедчехра, бо пешонии барчаста ва чашмони фурунишаста, бо риши андак буд, ки онро гохе бо хино ранг мекард ва у зиндагии сода ва хоксоронае дошт, пархез аз хар навъ зиёдахохи мекард.

У то замоне, ки бар хилофат нишаст, бо хамсараш дар кулбаи аз шохаи хушки дарах­ти хурмо сохташуда зиндаги мекард. Дар таксими байтулмол боадолат бу­дааст. Голибан вайро марде нармхуй ва хушбархурд гуфтаанд. Дар осори уламои исломи бахшхое ба фазоил ва хасоиси Абубакр низ ихтисос ёфтаанд. Тибки васият Абубакр дар пахлуи Паёмбар (с) ба хок супурда шудааст.

Ад.: Большаков О. Г. Абубакр ас-Сиддик. // Ислам. Энциклопедический словарь, Москва,1991; Таърихи ислом. Пажухиши Донишгохи Кембрич. Тарчумаи Ахмади Ором, Tошкент, 1377; Босворт К. Э., Силсилаи исломии чадид. Рохнамои гохшумори ва таборшиноси. Тар­чумаи Фаридуни Бадраи, Тошкент, 1381; Олимзода Х о д и, Абубакр. // Доиратулмаорифи бузурги исломи, чилди 5, Tошкент, 1372.    Л. Бойматов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.