Маълумоти охирин

Аброр

АБРОР (соли таваллуд номаълум – вафот 1856), шоир ва хаттоти точик. Аз Истаравшан. Падараш Мухаммадсолех низ шоир будааст. Аброр маълумоти иб- тидоиро дар зодгохаш гирифта, сипас тахсилро дар мадрасаи Хочачони Истаравшан давом дод.

У чун донишманд ва шоир шухрат доштааст. Дар санъати хаттоти низ машхур гашта, дар навиштани хафт навъи хати ислими (куфи, таълик, насх, зулф, райхон, рикоъ ва настаълик) хунарманд будааст. Ашъори парокандаи Аброр дар баёзу чунгхо оварда шудаанд. Аброр асосан шоири газалсаро буда, мусаддас ва мусамман низ эчод кардааст. Намунае аз ашъори у:

Ай гули тоза, ки буе зи вафо нест туро,
Хабар аз сарзаниши хори чафо нест туро.
Рахм ба булбули бебаргу наво нест туро,
Илтифоте ба асирони бало нест туро.
Мо асири гаму асло гами мо нест туро,
Бо асирони бало рахм чаро нест туро?!
Фориг аз ошики гамнок намеояд буд,
Мохи ман ин хама бебок намеояд буд.

С. Султонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.