Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абрешим (Корхона)

Абрешим (Корхона)

«АБРЕШИМ»,

1) чамъияти саххомии кушода. Соли 1992 бо такозои шароити нави иктисоди бузургтарин корхонаи саноатии чумхури – Ком­бинати абрешими Хучанд ба Чамъияти Сахомии Кушода «Абрешим» табдил дода шуд. Баъди пошхурии Иттиходи Шурави корхона истехсолотро дар сатх ва хачми пешина нигох дошта натавониста, карор дод, ки дар баробари истехсоли абрешими хом, коркарди амики нахи пахта, истехсол ва фуруши матоъхои пахтаги, махсулоти дузандагиро низ ба рох монад. Саххомони «Абрешим» дар давоми солхои 1992 — 2000 бо чалби инвеститсияхои хоричи 5 корхонаи муштарак ташкил карданд: «Чавони», «Сатн» ва «Абрешим» (америкои), «Кабул- Точик- Текстайлз» (точикию кореяги) ва «ВТ Силк» (точикию ветнами).

2) «Абрешим», ширкати хамноми точикию америкои, ки муассисонаш «Абрешим» ва ширкати «Каррера» (Штатхои Муттахидаи Амнрика) мебошанд. Соли 1998 (бо таносуби сахмии «Абрешим» – 35,4% ва «Кар­рера» – 64,6%) ба фаъолият огоз кард. Соли 2004 «Абрешим» ба чамъияти масъулияташ махдуди «Текстил-Сити» (бо та- носуби сахмии 42,6% ва 57,39%) таб­дил ёфт. Он нахи пахта, матоъхои пахтагии дагал ва ранга, куртахои мардона ва бачагона, лифофаи рахти хоб, дасгархон, сачокхои жаккарди ва гайра истехсол мекунад. Муассиса бо мошинхои махсулнокиашон баланди тамгаи СТБ, «Мартсоли», «Schlafhorst», YOU К VS4A, VOUK VS4A-E2 ва гайра мучаххаз буда, дорои фабрикахои ресандаги, бофандаги, трикотажи, рангу пардоздихи, дузандаги ва дигар умури иловаги мебошад. Дар як сол 2000 тонна калоба, 7 миллион метр матоъхои пахтаги, 2 миллион адад либос ва махсулота дузандаги истехсол ме­кунад. Махсулоти ширкат ба Италия, Штатхои Муттахидаи Америка , Кореяи Чануби, Малта, Сан- Марино содир мешавад. Н. Каримов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.