Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдурразоки Самарканди

Абдурразоки Самарканди

Абдурразоки Самарканди Камолиддин Абдурраззок ибни Чалолиддин Исхоки Самарканди (8. 11. 1413, Хирот – 1482, хамон чо), нависандаю таърихнигор ва шоири форс- точик. Падари у зодаи Самарканд буда, дар кароргохи Шохрух (хукмронии 1404 – 47) вазифаи козиги ва имомиро адо мекард. Давраи чавони ва донишомузии Абдурразоки Самарканди, асосан, дар Хирот гузаштааст.

У дар ин айём дар баробари анвои илмхои анъанави аз кабили Куръон, хадис, тафсир ва фикху усул илмхои таърих, забону адабиёт ва иншову шеърро хам меомухт. Аввалин дафъа дар синни 25-солаги ба дарбори Шохрух (1437) муаррифи гардид ва ба амир шархи ба рисолаи забоншиносии Азудуддини Инчу навиштаашро пешкаш намуд. Дар замони хукмронии Абулкосим Бобур (1449 – 57), Абусаид (1458 – 69) мулозими онхо ва дар замони султон Хусайн Бойкаро (1470 – 1506) шайхи хонакохи Шохрух буд. Соли 1441 Шохрух сафорати расмии хукуматие бо сардории Абдурразоки Самарканди ба Хиндустон фиристод. Мусофирон ба Калкатта ва шохигарии Вачаянагара раф- танд ва соли 1444 ба Хирот баргаштанд.

Шохрух соли 1446 бори дигар дар хайати сафорат уро ба Гелон (Эрон) фирис­тод. Соли 1463 султон Абусаид Абдурразоки Самаркандиро шайхи хонакохи Шохрухи Хирот таъин кард ва то охири хаёташ ба ха­мин вазифа машгул буд. Абдурразоки Самарканди муалли- фи таърихномаест бо номи «Матлаъ- ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн» (иборат аз ду дафтар – чилд, анчомаш солхои 1467-70; такмилаш то соли 1480 идома ёфтааст). Асари Абдурразоки Самарканди  идомаи «Зубдат-ут-таворих» ном асари таъ­рихнигор Хофизи Абру мебошад, ки ходисахову вокеахои то соли 1427 дар Мовароуннахру Хуросон руйдодаро дар бар мегирад. «Матлаъ-ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн» вокеахои таърихии байни солхои 1304 – 1469-ро инъикос менамояд.

«Матлаъ-ус-саъдайн ва мачмаъ-ул-бахрайн» симои Абдурразоки Самаркандиро дар назари хонанда на танхо чун таърихнигори дакикназар, балки чун насрнависи хуштабъ чилвагар месозад. Забонаш содаву равон мебошад. Ба гайр аз осори мансур Абдурразоки Самарканди инчунин дар навъхои гуногун шеър гуфтааст, ки намунаашон ба воситаи тазкирахо то замони мо расидаанд. Матлаи зерин аз уст:

Боз абру карда боло турки тирандози ман,

Оламеро кушту дорад ин замон андози ман.

Адабиёт: Стори Ч. А., Персидская литерату­ра. Биобиблиографический обзор, Москва, 1972; Миклухо-Маклай Н. Д,, Описание пер­сидских и таджикских рукописей Института вос­токоведения, век 3. Исторические сочинения, Москва, 1975.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …