Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррашиди Таттави

Абдуррашиди Таттави

Абдуррашиди Таттави Сайид Абдуррашид ибни Абдулгафур ал-Хусайни ал-Мадани ат-Таттави (соли таваллуд ва вафот номаълум), лугатнависи форсизабони нимчазираи Х,инду Покистон (асри 17). Дар шахри Таттаи иёлоти Хинди Покистон таваллуд ёфта ба камол расидааст. Абдуррашиди Таттави замони салтанати Шохичахон (хукмронии 1627 – 58) хаёт ба cap бурдааст.

Ба калами Абдуррашиди Таттави ду фарханги тафсирии забони араби: «Мунтахаб-ул-лугот» (1635), «Рисолаи муарработ» ва лугати машхури тафсирии форси бо номи «Фарханги Рашиди» (1652 – 53) тааллук доранд. «Фарханги Рашиди»-и Абдуррашиди Таттави  ба андешаи муаллифону мухаккикони соха яке аз бехтарин фархангхои тафсири мебошад.

Ризокулихони Хидоят дар «Анчуманорои Носири» ва Мухаммад Муин дар чопи интикодии «Бурхони котеъ» «Фарханги Рашиди»-и Абдуррашиди Таттавиро мавриди истифода карор додаанд. «Мунтахаб-ул-лугот»-и Абдуррашиди Таттави бо пешгуфтор, тавзехот ва фехристи А. Нуров соли 2003 аз тарафи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик дар Душанбе ба табъ расид.

Основание: Фарханги Рашиди, бо замимаи «Рисолаи муарработ», ба тасхехи Мухаммад Аббоси, чилдхои I – II, Том, 1337 х. ш.

Адабиёт: Шахриёри Накав и , Фархангнависии форси дар Хинду Покистон, Тошкент, 1341 х. ш.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …