Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррахмони Xоразми

Абдуррахмони Xоразми

Абдуррахмони Xоразми (соли таваллуд номаълум — вафот 1462), хаттот ва хушнависи форс-точик (асри 15). Яке аз устодони маъруф ва муваффаки хати настаълик.  Бештари умраш дар Шероз ва Багдод гузаштааст. Чанде хам- рохи писараш Абдуррахим дар дарбори Яъкуб ибни Хасан Оккуюнлу (хукмронии 1478 – 90) хидмат кардааст.

Аз руйи яке аз дастхатхои дар Музейи осори турк ва ислом (Истанбул) махфузбудаи Абдуррахмони Xоразми маълум мешавад, ки у солхои 50 асри 15 дар дарбори хокими Шероз Пир Будок ибни Чахоншохи Карокуюнлу низ хаттоти кардааст. Бино ба маълумоти мухаккикон Абдуррахмони Xоразми китобатро соли 1436 огоз намуда, охирин намунаи осори дастрасшудаи у ба сои 1462 тааллук дорад.

Сабк ва услуби хати настаълик, ки Абдуррахмони Xоразми истифода бурдааст, асосан дар Шероз пахн шуда, сипас аз чониби дигар хаттотон идома ёфтааст. Таъсири сабки Абдуррахмони Xоразми ба хунари хаттоти ва хушнависии Эрон то ба хадде будааст, ки хатто дар замони ташаккули мактаби нави настаъликнависон дар Хирот ва шахрхои дигари Хуросони он рузгор услуби Абдуррахмони Xоразми хамчун хати намуна хифз шудааст.

Бино ба акидаи Кози Ахмад («Гулистони хунар») Абдуррахмони Xоразми дар Шероз устоди ягона ва беназири хати настаълик будааст. Сабк ва услуби хаттотии Абдуррахмони Xоразми ба инкишофи хунари настаъликнависии Шероз ва Хирот таъсири босазое гузоштааст.

Адабиёт: Казн Ахмед, Трактат о калиграфах и художниках, Москва-Ленинград, 1947; Энцикпопедияи адабиёт ва санъати точик, чилди I, Душанбе, 1988; А ш р а ф иМ ., Миниатюра: От Бехзода до Ризай-и Аббаси.Душанбе,2011.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …