Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррахмони Самарканди

Абдуррахмони Самарканди

Абдуррахмони Самарканди, Мирзо Мулло Абдурахмон ибни Мухаммадлатиф Мустачири Самарканди (соли таввллуд ва вафот номаълум), сайёх, мутарчим, рохбалад ва хамкори олимони рус дар омузиши этно­графия ва географияи Осиёи Миёна.

Абдуррахмони Самарканди аслан тарчумон ва рохбалади шаркшинос ва географи рус Абдуррахмони Самарканди А. Л. Кун дар Экспедитсияи Искандаркул (1870) дар болооби дарёи Зарафшон (аз нохияи Панчакент то дехаи Палдорики навохии Кухистони Мастчох ва водии дарёи Ягноб буд.

Хотироташро бо номи «Рузномаи сафари Искандаркул» (аз 25 апрели то 27 июни 1870) таълиф намудааст, ки он барои омухтани таърих, забон, расму ойини халкхои Осиёи Миёна, хусусан халки точик арзиши мухими илми дорад. Абдуррахмони Самарканди  ба Бухоро, Шахрисабз, Хева низ сафар карда хотироташро навиштааст.

Дар сафарномаи туркистониаш (1873) дар бораи кучидани баъзе кабилахо ва ба Хоразм омадани туркманхо, маълумоти арзишманд додааст. У соли 1872 баъди тамошои Намоишгохи поли­техникии Москва хотироташро ба унвони «Рузномаи виставкаи Маскоб» таълиф кардааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …