Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуррахмонхон

Абдуррахмонхон

Абдуррахмонхон (1844-1.10. 1901), амири Афгонистон (1880-1901), набераи амир Дустмухаммадхон. Солхои 60 асри 19 хокими Тошкургон буд. Барои точу тахти Кобул бо амакзодаи худ Шералихон мубориза бурд. Соли 1869 шикаст хурда, ба Самарканд омад ва ёздах сол истикомат намуд. Баъди чанги дуюми байни Англия ва Афгонистон ба ватанаш баргашт, бо ёрии сардорон ва пешвоёни лашкари халки соли 1880 сохиби салтанати Кобул гардид.

Дар ахди Абдуррахмонхон дар Кобул зарробхона, матбаа ва корхонаи калони саноатии «мошинахона» сохта шуд, ки аз тиру тупу аслиха то либосу афзори куввахои низомиро истехсол менамуд. Тамоми мансабхои харби ва раияти ба ухдаи сардорон ва маликхои кабилахои афгон вогузор шуда, халкхои гайриафгон – то- чикхо, хазорахо, узбекхо ва гайра чабру ситами беандоза мекашиданд ва бори вазнини сарфу харчхои бепоёни феодали ба зиммаи онхо буд.

Даромади хазинаи амир аз хисоби махсули дастранчи захматкашон аз 1, 5 курур (I курур = 10 миллион) ба 7 курур рупия расид. Ба мукобили зулму бедодгарихои феодали дар бай­ни гилзоихо, вардакхо, хазорахо, бадахшонихо, фирузкухихо, балучхо ва гайра борхо шуру ошубхои халки ба амал омад. У унвони фахрии «Зиёи миллату дин»-ро гирифт, лекин халк уро «амири сиёх» меномид.

Сиёсати хоричии Абдуррахмон тахти назорати хукумати Англия карор гирифт. Абдуррахмон  шартномаи нангини Гандумак ва «Хати Дюранд»-ро тасдик намуд, сарнавишти миллионхо паштунхои сархадоти шим. гарбии Хиндустонро ба дасти англисхо супурд ва гунахкори ба вучуд омадани масъалаи Паштунистон гардид. Абдуррахмон  дар натичаи суикасди дарбориён кушта шуд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …