Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуррахими Кулоби

Абдуррахими Кулоби

Абдуррахими Кулоби Шох Абдуррахим ибни Сайид Мирзо Му- хаммади Кулоби (соли таваллуд номаълум – вафот 1870), шоири точик. Бо тахаллусхои Рахим, Рахими, Абдуррахим ва Абдуррахими эчод кардааст. Тахсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгохаш – Кулоб огоз карда, сипас барои идомаи тахсил ба Бухоро рафт.

Аз баъзе шеърхои Абдуррахими Кулоби бармеояд, ки у дар ибтидо аз тахсил ва зиндаги дар Бухоро хушнуду ризо будааст. Вале баъдан дури аз зодгоху хешу табор, мувофики табъ пайдо накардани шугл ва эхтиёчмандию хаёти бади модди торафт ба у фишор меоварданд. Ба ин вазъ тоб наоварда ба зодгохаш бармегардад.

Дар охири умраш ба тасаввуф руй овард. Нусхаи дастнависи (аслии) девони ашъори шоир дар Шуъбаи дастхатхои шаркии Китобхонаи миллии Чумхурии Точикистон нигохдори мешавад. Абдуррахими Кулоби бо осори бисёре аз саромадони адабиёти форс-точики даврони гузашта ошнои доштааст.

Дар газалхояш асосан ба Хофизи Шерози пайрави кардааст. Девони ашъори А. К. тамоми анвои ашъори лирикии шоир (газал, рубои, мухаммас, мусаддас, мусамман, муночот) ва «Сокинома»-и уро (84 байт) фаро мегирад. Ашъо­ри А. К. саршор аз афкори шикояти аз мушкилихои зиндаги, кашшокию нодори, беинсофию бемурувватии ах­ли замон, таассубу авомфиребии баъзе рухониён мебошад. Аз А. К. маснавие бо номи «Мукатилнома» ба забони турки (узбеки) боки мондааст, ки шомили 832 байт аст. Намунае аз газалиёти у:

Мабош зохиди зохирпарасту ошик бош!

Чи кавлу феъл, ки дори, биёву содик бош!

Ба хар кй ахд намой, макун нифок ба дил.

Cape матоб зи кавлаш, ба у мувофик бош!

Ба роста бинамо ху, кабули чумла шави,

Ба содикон бинишин, душмани мунофик бош!

Зи хулки хуш, рахи таслиму ачзу хушхуи

Кабули хотири шоиста бошу лоик бош!.„

Адабиёт: А б и б О в А., Доирахои адабии Бухорои шарки, Душанбе, 1984.  Л. Алимардонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …