Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдураззоков Хабибулло

Абдураззоков Хабибулло

Абдураззоков Хабибулло (таваллудаш  7.11.1937, шахри Кулоб), актёр ва режис­сёр. Артиста халкии РСС Точикистон (1987). Хатмкардаи факултети актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1960) ва курси олии режиссёрии Академияи санъати шахри Москва (1964). Актёри Театри чумхуриявии мазхакаи мусикии ба номи А. С. Пушкини шахри Ленинобод (хозира Театри ба номи Камоли Хучанди; 1960 – 1961), актёр ва режиссёри Театри давлатии академии драмаи точик ба номи А. Лохути (1961 – 1969), саррежиссёри Театри чумхуриявии мазхакаи мусикии ба номи А. С. Пушкин (1969 – 1971) ва Театри давла­тии чавонони Точикистон ба номи М.

Вохидов (1971 – 1973), актёр ва режиссёри киностудияи «Точикфилм» (1973 -1975), актёри Театри давлатии акаде­мии драмаи точик ба номи А. Лохути (1975 – 2002). Аз соли 2002 директор ва рохбари бадеии Театри «Падида». Солхои 1987 – 1990 раиси Иттифоки арбобони театри Точикистон буд. Абдураззоков яке аз бехтарин бозандагони ролхои классики ва дорои хусусиятхои милли дар театру кино мебошад. Ролхои бехтарини Абдураззоков дар сахнаи театрхо: Любим Торсов («Камбагали айб нест»-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор («Дохунда»-и Ч. Икроми, 1961), Файзуллочон («Иродаи зан»-и А. Сидки, 1962), Меркутсио, Отелло («Ромео ва Чулетта», «Оттело»-и У. Шекспир, 1963), шоир Хуршед («Хуррият»-и Г. Абдулло, 1964), Камоли Хучанди (пйесаи хамноми Г. Чалил, 1970), Улдис («Завраки ишк»-и Я. Райнис), Афросиёб («Рус­там ва Сухроб»-и Г. Абдулло, 1966), Низомиддин («Дилхои сузон»-и Ч. Икроми, 1977), Карл Моор («Рохзанхо»-и Ф. Шиллер, 1979) ва гайра. Абдураззоков дар инкишофи кинои точик низ хизмати арзанда дорад.

Истеъдоди у дар ролхои Шодмон («Ороми наме­шавад», 1962), Бахриддин («Марги судхур», 1965), Асад Махсум («Хиёнат», 1967), Хайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973), Мухторов («Стансияи кухи», 1974), Бахром («Достони Сиёвуш», 1975), Асаншо («Субхи Ганг», 1975), Хамроев («Хафт нафар дар пайроха», 1977), Корвонбоши («Дарвеши ланг», 1986), Неъматуллохон (силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар», 2005), генерали эрони («Асир», Германия, 2006), Хисоми точик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод»,  сардори рохзанхо (силсилафил­ми телевизионии эронии «Шукрона», ва гайра возехан хувайдо шудаанд.

Тахияхои режиссёрии Абдураззоков обуранги милли доранд: «Худорахмати»-и Б. Нушич (1966), «Рустам ва Сухроб»-и Г. Абдулло (1967), «Купрук»-и Ф. Ниёзи (1969), «Карим Девона»-и Т. Ахмадхонов (1969), «Садо аз тобут»-и А. Каххор (1975), «Вакте , ки шахр хуфта буд»-и А. Чхеидзе (1980), «Вопасин аруси Амир-ал-муъминин»-и Ф. Мухаммадиев (1983), «Дар чорсу» ва «Тарс»-и Н. Табаров (1984,1995) ва гайра. Абдураззоков дар тарбияи актёрон ва кормандони эчодии сохаи театр сахми калон гузоштааст. Бо орденхои Дустии халкхо (1980), Дусти (1998, медали Ичлосияи 16-уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК Точикистон (аз 1971).

Ад.: Марде дар шахре, шахре дар марде, Д., 2007.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …