Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашитов Рашит

Абдурашитов Рашит

Абдурашитов Рашит (таваллуд 22. 7. 1935, шахри Кургонтеппа), рассоми точик. Хатмкардаи Омузишгохи чумхуриявии рассомии шахри Душанбе (1958). Шогирди Г. А. Кузмин ва В. М. Боборикин. Фаъолияти рассомиаш аз соли 1960 огоз гардида, асархои аввалинаш нисбатан содаву оди ва бештар ба тасвири манзара бахшида шудаанд («Манзараи бахор», «Дар гулгашта Театри тобистона», «Рузи офтоби», хар се – 1960). Пас аз сафа­ри эчоди ба шахру дехоти чумхури мазмуни мусавварахои Абдурашитов бой ва рангин гашта, доираи тасвираш низ тавсеа меёбад.

Минбаъд кахрамонони мусавварахои у кухканхо, нефтчиён, пахтакорон, чупонон ва коргарони оди карор мегиранд. Чустучуи кахрамонон аз чушу хуруши зиндаги ва тасвири боварибахши табиат ба мусавварахои рассом драматизми хос бахшида, боиси вокеиву табии баромадани асархояш гардидаанд.

Дар мусавварахои «Мастчохиён»(1969,аз силсилаи «Фотехони замини Дилварзин») рассом чахор нафар дехотаро тасвир намудааст, ки кухсорро тарк карда, дар води ба шугли наву тарзи зиндагии нав пардохтаанд. Иттиходи мардум, иртиботи ботини ва ягонагии рухии онхо зимни мехнати якчоя асоси мавзуи мусавварахои «Фотехони замини навкорам» (1969), «Духтарон аз Панч» (1969), «Сухбат» (1971) ва гайра гардидаанд.

Рассом низоми зиндагиро дар мехнат мебинад ва зим­ни фаъолияту зиндагии синфи коргар як силсила мусавварахои лирикиву таърихи ва маиши офаридааст: «Бетонрезон» (1970), «Бофандахо» (1972), «Эчодкорон» (1972), «Тракторчи» (197), «Дар бригадаи Иванов. Алюминийи Регар» (1975) «Дар корхонаи рехтагарии «Точикгидроагрегат» (1981), «Вахшстрой», «Дар оянда”(1984). Дар мусавварахои ба Неругохи Баркии Обии Норак бахшидааш мардонагию матонат, кахрамонию фидокори ва дустию бародарии мардуми советиро тасвир намудааст: «Шоми Но­рак» (1975), «Шахпаймои монтажчи» (1977), «Чавонон аз Туткавул» (1978), «Шанбеги дар Норак» (1978), «На­вои хайрбоди бо Норак» (1983) ва гайра.

Чустучухои эчодии солхои охири Абдурашитов, дарки файласуфонаи олам, эхсоси шоиронаи зиндаги, чилваи тафаккур василахои ба вучуд омадани як силси­ла асархои мураккаби рангинмавзую гуногунсохт гардиданд: «Калъаи Сурх», «Буддо» (1981), «Муколама. Портрета Артиста халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон Хошим Гадоев дар роли Гамлет», триптихи «Аз сурудхои солхои чанг» ва гайра.

Абдурашитов дар давоми фаъолияти эчодиаш (то соли 1986) бештар аз 150 асари рассоми ва зиёда аз 90 асари рассо­мии сиёхкалами офаридааст. Абдурашитов иштирокчии бисёр намоишхои асархои рассомони Чумхурии Точикистон, Иттифоки Совети ва хорича мебо­шад. Дорандаи Мукофоти комсомо­ли ленини (1972).

Ба Руминия (1972), Республикаи Демократии Германия (1975, 1977), Афгонистон (1977), Непал (1979) ва Италия (1980) сафари хунари кардааст. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттиходи Рассомони Точикистон аз соли 1970. ‘ Б. Рахматов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …