Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашидов Исо

Абдурашидов Исо

Абдурашидов Исо (таваллуд 15. 3. 1947, дехаи Сангонели нохияи Мир Сайид Алии Хамадони), актёри театр ва кинои точик, Хунарпешаи халкии Точикистон (1999). Хатмкардаи факулте­ти санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 – 89) ва директори (1989 – 2008) Театри давлатии академии драмаи точик ба номи Абулкосим Лохути. Аз соли 2008 хунарпешаи хамин театр ва хамзамон муаллими калони Донишгохи Давлатии Санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

Абдурашидов дар сахнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Чалол Икроми), Чунайд ва Сахл ибни Мансур («Рудаки»-й Г. Абдулло), Киёмиддин мударрис («Алломаи Адхам»-и Сотим Улугзода), Шпигелберг («Рохзанхо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шох Лир»-и Улям Шекспир), майор Собиров («Наххои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишк»-и Г. Абдулло), домулло («Чорсу»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и С. Аюби), гунг («Афсонахои муйсафед»-и Н.Абдуллоев), Рустам («Зухури навини Сухроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомони (намоиши оммавии театри дар Варзишгохи марказии шахри Душан­бе ба муносибати 5-солагии Истиклолияти Точикистон) ва гайра намунае аз ролхои офаридаи Абдурашидов дар сахнаи театр мебошанд.

Абдурашидов дар кинои точик низ ролхои чолиб офаридааст: Азизбек («Вокеа дар аэропорт», режиссёр Ю. Юсупов), лейтенанти калон («Капкон барои шаголхо», режиссер Махмудов), Саид охангар («Дарди ишк»-и режиссер А. Тураев), Абдурахмонов («Маънии хаёт», «Узбекфилм») ва гайра. Ба шахри Москва (1997), Чумхурии Исломии Эрон (1999), шахри Биш­кек (2004, 2005), Осетияи Шимоли (2001) сафархои хунари кардааст. Узви Иттифоки арбобони театри Точикистон.  Н. Шарипов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …