Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурашидов Абдували

Абдурашидов Абдували

Абдурашидов Абдували Абдулмачидович (таваллуд 9.1.1959, Душан­бе), навозанда, донанда ва мухаккики мусикии точик, Хунарпешаи халкии Точикистон (2001). Хатмкардаи мактаб-интернати миёнаи махсуси мусикии чумхуриявии шахри Душанбе (1976) ва Консерваторияи давлатии Тошканд (1981). Бахри такмили илму хунари хеш ва омузиши анъанахои мусикии суннатии Шарк, аз чумла анъанаи касбии шифохии «устод ва шогирд» дар Консерваторияи давла­тии Боку (1985) ва Донишгохи Техрон (1999) тахсил намудааст.

Муаллими Донишгохи Давлатии Санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1981 – 93), ноиби президенти Академияи мусикии Чумхурии Токикистон (1993 – 95), ходими калони илмии ИЗА ба номи Рудакии Академияи Илмхои ЧумхурииТочикистон (1995 – 98), мудири шуъбаи санъ- атшиносии Пажухишгохи фарханг ва иттилооти Вазорати фарханги Чумхурии Точикистон (1998 – 2002), рохбари бадеии Ансамб­ли давлатии «Шашмаком»-и ба номи Ф. Шахобов (2002 – 04).

Хамзамон сарвари маркази мусикии суннатии точик «Наво» (аз соли 1993), Академи­яи макоми Чумхурии Точикистон (аз соли 2003), мактаби мусикии бачагонаи «Шашмаком» (аз соли 2005) ва аз соли 2007 мудири шуъбаи мусикии анъанавии Консерватори­яи миллии Точикистон. Абдурашидов навозандаи варзидаи мусикии суннатии точик дар созхои танбур, сато, рубоб ва уд, мухаккики назму мусикии суннатии точик – шашмакомшинос ва арузшинос мебошад. Дар мавзуи «Танбур ва мохияти он дар омузиши ташакулли пардахои мусикии «Шашмаком» рисолаи номзади дифоъ намудааст (1991).

Абдурашидов шохахои овозии «Шашмаком» — «Мушкилот» (иборат аз 48 оханг), аз чумла кисмхои асосии он – Тасниф, Тарчеъ, Гардун, Мухаммас, Сакил ва бахшхои дигари он – Муночот, Сегох, Чоргох, Наврузи Сабо, Сарахбори Наво ва гайро хеле хуб менавозад ва кисме аз онхоро сабт кардааст. У дар тарбияи насли нави ичрогарони хирфаии мусикии суннати ва эхёи анъанахои асили мусикии «Шашмаком» – силсиласарои, «устод ва шогирд» низ сахми хоса дорад. Соли 2007 ба ифтихори бузургдошти «Шашмаком» дастаи хунарии Академияи макоми Чумхурии Точикистон зери сарварии Абдурашидов бори аввал дар таърихи шашмакомсарои кулли навъи силсилахои кисми овозии «Наср»-и мусикии «Шашмаком»-ро пайихам дар давоми 6 руз ичро кард.

Абдурашидов иштирокчии чандин озмунхои мусики, симпозум ва чашнворахои байналмилалии мусикишиноси (Самарканд, Тошканд, Эрон), Рузхои фарханги Точикистон дар Федератсияи Рос­сия (2005), ЮНЕСКО (Париж, 2005), чашнворахои мусики дар Европа, Штатхои Муттахидаи Америка мебошад. Дорандаи чоизаи байналмилалии Грэми (2008) аст. Бо ордени Дусти (2005) ва ордени Ситораи Командори Франсия дар рушди хунар ва суханвари (2005) сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …