Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурахмонов Гурез

Абдурахмонов Гурез

Абдурахмонов Гурез (1915, Ёвон – 2. 2. 1974. собик нохияи Куйбишеви вилояти Хатлон), сарояндаи точик, Коркуни хизматнишондодаи мада­нияти РСС Точикистон (1971). Иштирокчии ЧБВ (1941 – 1945). Санъати сарояндагиро худомузи карда, сипас яке аз пайравони услуби Чураев Шариф гарди­дааст.

Дар тули фаъолияти эчодиаш узви бисёр дастахои хаваскорони санъат ва рохбари клубу хонахои ма­данияти нохияхои Ёвону Куйбишев (холо Абдурахмони Чоми) буд. Абдурахмонов са­рояндаи хасос ва нозуктабъ буда, хар як сурудро бо услуби хос ва самимияти том ичро мекард.

Сурудхои у беш- тар таронахои ишкиро дар бар ги- рифта, мехри Ватан ва диёри махбуб, мехнату мардонаги, ишку чавони ва гайраро васф мекунанд. Сурудхои «Г уличони чон», «Зи ноз бошад» (шеъри халки), «Охиста мегуем мо» (шеъри Мушфики), «Хануз» (шеъри Сайидо), «Водии Вахш», «Сахарноз» (шеърхои халки) ва гайра аз бехтарин офаридахои у буда, дар Фонди мусикии радиои Точикистон махфузанд.

Абдурахмонов иштирок­чии Фестивали 6-уми умумичахонии донишчуён ва чавонон (Москва, 1957) буд. Бо 2 ордени «Шараф», медалхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон сарфароз гар­дидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …