Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдурахмонов Фуод

Абдурахмонов Фуод

Абдурахмонов Фуод Хасан- Угли (28. 4. 1915, Нуха – 15. 6. 1971, Боку), хайкалтароши озар, узви вобастаи Академияи Рассомии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР (1949), Рассоми халкии Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойчон  (1955), Ходими хиз- матнишондодаи санъати Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойчон.

Хатмкардаи Академияи Рассомии Ленинград (1940). Фаъолияти эчодиаш хануз дар солхои тахсил огоз ёфта буд. Соли 1934 ба муносибати 1000-солагии Фирдавси аз руйи «Шохнома» композитсияи «Тирандоз»-ро офарид. Абдурахмонов бештар хамчун хайкалтароши мо­нументалист машхур аст.

Хайкалхои Низоми дар Кировобод (1946, Мукофоти давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, 1974) ва Боку (1949), нимтанахои монументалии Чойбалсан ва Сухэ-Батор (мармар, 1954, оромгох дар Улан-Батор), хайкали Самад Вургун дар Боку (1961), хайкали Рудаки дар Душанбе (1964) ва гайра, мучассамахои «Озодшави» (дар Боку, 1960), «Чупон» (гач, 1950, Мукофоти давлатии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, 1951; биринчи, 1951, Нигористони Третяков) аз бехтарин мучассамахои офа- ридаи Абдурахмонов мебошанд.

Абдурахмонов нимтанахои портретии Владимир Илич Ленин (мармар, 1955, Музейи таърихи Озарбойчон, Боку), Садриддин Айни (Вазорати фарханги Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, 1964) ва як катор портретхои дигарро офаридааст. Бо 2 орден ва медалхо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …