Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулвосеи Чабали

Абдулвосеи Чабали

Абдулвосеи Чабали Бадеъуззамон ибии Абдучомеъ ибни Умрон ибни Рабеи Гарчистони (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1160), шоири форс- точик. Дар шахри Хирот тахсил намуда ба камол расид. Илмхои расмии давраш, махсусан улуми адабиро хеле хуб омухт ва дар шоири мумтоз шуд. Дар дарбори Газнавиён ва Салчукиён – Бахромшох ибни Масъуди Газнави, Тугрултекин ибни Мухаммад хидмат кардааст. Бино ба маълумоти тазкиранигор Мухаммади Авфи Абдулвосеи Чабали «бар назми този кодир буд ва дар шеъри порси мохир. Хамаи фузало бар такаддуми у якзабон буданд, аммо у дар назм дузабон буд».

Аз Абдулвосеи Чабали девони ашъор боки мондааст, ки касидахо, газалхо, таркиббанду рубоихо ва китъахои уро дар бар мегирад. Абдулвосеи Чабали дар мадху васф махорати калон доштааст. Зимни касидахои мадхи, инчунин дар касидахои алохида манзарахои табиатро зебо ва дилпазир тасвир намуда, бо суханони зебою дилнишин фасли зебои сол  Бахор ва Наврузро васф кардааст. Дар байни сурудахои Абдулвосеи Чабали васфи ишку мухаббат мавкеи калон дорад.

У холати рухии кахрамони лирики, хусии маъшука, вафодори, дусти ва садокату рафокатро тараннум кар­дааст. Абдулвосеи Чабали ба масъалахои ичтимои ва тахаввулоти зиндаги таваччух кар­да, авзои замон, вазъияти рузгори асри худро мохирона тасвир намудааст. Кахрамони ашъори Абдулвосеи Чабали аз замона гилаву шикоят мекунад, худи у тачассуми дарду аламу гуссаи халк мебошад:

Гар аз замона шикоят кунам, раво бошад

В-ар аз ситора тазаллум кунам, сазо бошад.

Замони Абдулвосеи Чабали замони ба забони форсии точики рох ёфтани калимахои зиёди араби буд. Аз ин чост, ки дар шеърхои у калимахои зиёди араби ба назар мерасанд. Дар мачмуъ Абдулвосеи Чабали пайрави сабки хуросонист, вале ба сабаби нуфуз пайдо кардани сабки ироки эчодиёти Абдулвосеи Чабали аз таъсири ин сабк берун намондааст.

Дар баъзе шеърхои Абдулвосеи Чабали лафзбозихо, маснуъгуйхо ба на­зар мерасанд. Дар сабки эчод, мазмуну мундаричаи шеър ва тарзи баён Абдулвосеи Чабали дар силки шоирон – Муиззи, Адиб Собири Тирмизи, Футухи ва дигарон карор дорад. Абдулвосеи Чабали рисолахои мансуре низ доштааст, ки номахо ва муншаоти уро дар бар мегирифтанд. Девонаш дар Техрон ба табъ расидааст (1961—1963).

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …