Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулмуъмини Хофиз

Абдулмуъмини Хофиз

Абдулмуъмини Хофиз (соли таваллуд ва вафот номаълум), хофиз, са­роянда ва охангсози форсу точик (асри 14 – 15), намояндаи машхури мактаби мусикии Самарканди замони Темуриён. Аз ахли Самарканд буда, дар назди Абдулкодири Гуянда асосхои назарияви ва амалии шеъру мусикиро омухтааст.

Дар хофизи яке аз санъатварони маъруфи замон буд ва дар дарбори хокими Багдод Султон Ахмади Атласпуш хизмат мекард.

Абдулмуъмини Хофиз асархои машхури Абдулкодири Гуянда«Амалибустон»,«Амали гесу», «Амали гулистон», «Амали хористон»-ро дар назди санъатдустони Багдод, Хирот, Самарканд бо махорат ичро мекард. Вакти сароидан аз авчхои хеле мураккаби овозхони истифода менамуд ва уро «Хофизи зилхон», «Хофизи авчи» хам меномиданд. Газалро неку мегуфт. Ба газалхои Саъдии Шерози тазминхо бастааст.

Ад.: Рачабов А., Маданияти мусикии точик дар асрхои XIII – XIV, Д., 1987; ха м о н муалл-. Афкори мусикии точик дар асрхои XII – XV, Д., 1989; Донишномаи Шашмаком, Д., 2009.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …