Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллохи Таббох

Абдуллохи Таббох

Абдуллохи Таббох маъруф ба Абдуллохи Хирави ва мулаккаб ба «Ошпаз» (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), хаттоти форс-точик (асри 15). Абдуллохи Таббох дар шахри Хирот ба дунё омада, дар зодгохаш ва Самарканду Машхад касби камол кардааст. Дар замони хукмронии Шохрух Мирзо (1409 – 1447) хаттоти китобхонаи Темуриён буд. Шогирди устод Чаъфари Табрези.

Бо фармони Шохрух Мирзо солхои 1425 -1426 оромгохи Хоча Абдуллохи Ансориро бо хати хеле зебо ва макбулаш оро додааст. Абдуллохи Таббох дар ороиши бисё­ре аз сохтмонхо ва бинохои давлатии Темуриёни Хирот фаъолона ширкат намудааст. Баъд аз вафоти султони Хирот Бойсункур Мирзо дар хидмати писари у Алоуддавларо буд.

Улугбек Алоуддавларо шикаст дода, хаттотону мусаввирони мохирро ба Самарканд овард, ки дар байни онхо Абдуллохи Таббох низ буд. Абдуллохи Таббох дар ороиши як зумра бинохои Самарканд иштирок на­мудааст. У солхои 60 асри 15 аз Самарканд ба Хирот баргашта, дар дарбори сул­тон Хусайнй Бойкаро ба сифати хаттот хидмат кард.

Дар ин давра чан­дин бинохои Машхад ва Хиротро бо хати хуб ва зебои худ ороиш дод, ки ёдгорихои меъмории Козоргох (дар Хирот) ва «Огочабегим» (дар Машхад) аз чумлаи онхоанд. Абдуллохи Таббох дар хунари ороиши китоб («афшон» ва «барафшон») низ аз нодирони за­мони худ будааст. Аз Абдуллохи Таббох 45 нусхаи бо хати зебо китобатшудаи Куръон боки мондааст.

Як нусхаи дастнависи Абдуллохи Таббох ва Содикбеги Афшор дар Истанбул махфуз аст, ки доир ба хаттотон ва мусаввирони он давр маълумот медихад. Теъдоди зиёди китобати Абдуллохи Таббох  то замони мо расидааст, ки аз хунар ва истеъдоди баланда шаходат медиханд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …