Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллохи Шерози

Абдуллохи Шерози

Абдуллохи Шерози (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва хаттоти эрони (асри 16). Дар бораи хаёт ва фаъолияти Абдуллохи Шерози маълумоти кофи дар даст нест. Дар китобхонаи султон Абулфатхи Иброхим ибни Багром (хукмрониаш 1556-1577) ба хайси хаттот хидмат мекардааст. Тибки баъзе маълумоти таърихи муддати кутохе дар Машхад сукунат доштааст.

Бино ба маълумоти Кози Ахмад (дар «Гулистони хунар») Абдуллохи Шерози яке аз хушнависони бо истеъдо­ди замони худ будааст. Аз Абдуллохи Шерози якчанд асар боки мондааст. Нусхаи хаттии «Хафт авранг»-и Абдуррахмони Чоми (китобаташ такрибан солхои 1556 – 1565), ки холо дар Нигористони Фриери Вашингтон махфуз аст, шомили минётураи «Юсуф ва Зулайхо» мебошад.

Ин мусаввараи зебо ва дилкаш ба калами Абдуллохи Шерози мутааллик аст. Дар нусхаи мазкур 28 тасвиру минётура замима шудаанд, ки мутахассисон онхоро низ ба калами Абдуллохи Шерози нисбат медиханд. Хамчунин дар яке аз нусхахои «Сабхат-ул-аброр», «Сифот-ул-ошикин»-и Хилоли (дар китобхонаи шахри Лисабон махфуз аст) теъдоди зиёди накшу нигори бо оби тилло хал додашуда мавчуданд, ки ба калами Абдуллохи Шерози тааллук доранд.

Теъдоде аз осори Абдуллохи Шерози дар китобхонаи Лейпсиг (Германия) нигохдори мешаванд. Баъзе аз мухаккикини осо­ри Абдуллохи Шерози бар ин акидаанд, ки у яке аз нусхахои «Шохнома»-и Фирдавсиро низ бо минётурахо ва накшу нигорхои дилчасп оро додааст.

Сабку услуби минётуранигори ва хатто­тии Абдуллохи Шерози ба тарзу равиши хаттотону мусаввирони давраи шох Тахмосб каробат дорад. Абдуллохи Шерози дар рушди минбаъдаи санъати тасвирии Осиёи Миёна ва Эрону Афгонистон таъсир расонидааст ва яке аз устодон ва саромадони ин хунар ба шумор меравад.

Ад.: Каин Ахмед .Трактат о калиграфах и художниках, М.-Л,, 1947; Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик, ч. , Д., 1998.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …